Виза ба Туркия. Чаро Эрдуғон дарвозаҳоро ба рӯйи тоҷикон баст?

Туркия шуруъ аз 20-уми апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид (виза) ҷорӣ кард. Коршиносон мегӯянд, ки ин тасмимро Эрдуғон баъди ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Москва, ки гумонбаронаш шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, гирифтааст. 

Бидуни огоҳӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷониби Туркия рӯзи 6-уми апрел Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир огоҳ кард.

Шоҳин Самадӣ, сухангӯйи ВКХ мегӯяд, ки мувофиқи таҷрибаи байналмилалӣ ҷониби Туркияро мебоист, ки аз қабл расман дар бораи аз кадом рӯз ҷорӣ намудани низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба мо хабар медод. Вале Туркия бо огоҳ кардани Тоҷикистон тасмими ҷорӣ кардани раводидро қабул кардааст.

Бинобар ин, Шоҳин Самадӣ зикр кард, ки баъди ин тасмим, Тоҷикистон низ масъалаи ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад.

Дар ин робита, акнун аз 20-уми апрел шаҳрвандони Тоҷикистонро лозим меояд, ки барои сафар ба ин кишвар раводид дарёфт намоянд.

Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.

Сафорат: раводид муваққатист!

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҷорисозии низоми раводид эҳтимол тадбири муваққатӣ аст.

Сафорат дар саҳифаи худ дар Facebook навишт, ки акнун шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар бояд дар намояндагии дипломатӣ раводид гиранд.

Сафорати Туркия навишт, барои онҳое, ки тариқи Туркия, бидуни вуруд ба ин кишвар, яъне ба тариқи транзит, ба давлати дигар сафар мекунанд, дастрас кардани раводид зарур нест.

Аз 60 то 90 доллар

Сафорати Туркия дар Душанбе рӯзи 7-уми апрели соли 2024 дар саҳифааш дар “Фейсбук” тартиби нави сафарҳо ба ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тавзеҳ дод. Бино ба тавзеҳи сафорат, то 20-уми апрели соли 2024 шаҳрвадони Тоҷикистон ҳамчунон метавонанд бидуни виза ба Туркия сафар кунанд, вале барои сафарҳои баъди 20-уми апрел бояд аз сафорат ё дигар намояндагиҳои дипломатии Туркия раводид (Visa Sticker) бигиранд. Онҳое, ки алакай дар Туркия қарор доранд, то 90 рӯз метавонанд бидуни мамониат онҷо бимонанд ва барояшон пур кардани ягон ҳуҷҷати иловагӣ лозим нест.

Сафорат ҳамчунин эълон кард, ки нархи виза барои сафари яккарата ба Туркия 60 доллар ва барои сафарҳои бисёркарата (мулти-виза) 190 доллар муқаррар карда шудааст.

Террор — сабаби асосӣ 

Расонаҳои Русия қарори мақомоти Туркияро ба амали террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” марбут медонанд. РБК менависад, ки пас аз амали террористӣ дар “Крокус” Туркия нисбати ҷонибдорони “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтанд, якчанд санҷишу рейдҳо анҷом дод.

Моҳи апрел нашрияи туркии Hurriyet хабар дод, ки дар Истанбул ду ҷонибдори ДОИШ дастгир шудаанд, ки нияти содир намудани амали террористӣ дар Туркияро доштаанд. Миёни боздоштшудагон шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон низ буд.

Пеш аз ин нашрия навишта буд, ки ду гумонбари ҳамла ба “Крокус” қабл аз ҳодиса аз Туркия боздид кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *