Як хабару ду назар. Корд ба устухон расид?!

Ҷорӣ шудани низоми раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Туркия миёни коршиносон назарҳои мухталифро ба миён овардааст. Онҳо сабаби якбора чунин тасмим гирифтани Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба ҳар шева шарҳ медиҳанд.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршиноси масоили сиёсӣ 

— Фикр мекунам, ин ки Туркия низоми бераводидро барои Тоҷикистон бекор кард, ин натиҷаи ҳамон ҳаёҳуи матбуоти Русия нисбати гумонбаршудаҳо ва он терроре аст, ки дар Маскав рух дод, агарчанде дар худи Туркия чунин ҳодиса рух дода буд ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар он гумонбар шуда буданд, худи Туркия аз ин имтиҳон гузашта буд. Вале то замоне, ки ин ҳаёҳу дар расонаҳои Русия пайдо нашуд, Туркия чунин қарор қабул накард. Фикр мекунам, коре, ки мақомоти Туркия карданд, ба қавле ҷазо додани як миллат барои ҷурме, ки агарчанд расман исбот нашудааст, якчанд намояндаи ин миллат кардаанд. Аслан кори чандон хуб нест. Барои чанд нафар ҷазо додани як миллат берун аз мантиқ аст.

Фаридун ҲОДИЗОДА, коршиноси масоили динӣ

— Хуб, якум: мо бояд дарк кунем, ки ҳамла ба калисо дар охири январ, ки гуфта мешавад, як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия дар он даст доштанд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Туркияро нигарон карда буд. Ғайр аз ин тафтиши ҳамлаҳо дар Кирмон ва Шерози Эрон нишон дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба Эрону Афғонистон сафар ва дар марказҳои ДОИШ тамрин мекарданд. Шояд барои ҳамин аз миёни феврал Туркия ба нафарони машкук иҷозаи ворид намедод ва дар  мақолаи Радиои озодӣ аз 21-уми феврал иттилоъе нашр шуд.

Баъд аз 22-юми март қувваҳои интизомии Туркия то ин дам беш аз 140 нафарро боздошт карданд ва гуфта шуд, ки боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоли омода кардани ҳамлаи террористӣ боздошт шудааст. Ба фикрам, корд ба устухон расид ва аз ин рӯ Туркия режими визаро ҷорӣ кард.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *