ВКД:Чор садамаи марговар дар ҷумҳурӣ
14.07.с.2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Сулф”, Мусофиров Олим Диловарович, соли таваллудаш 1983, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз баландии 50-60-метр автомашинаро ба чуқурии канори роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур хурдсол, Саидова Оиша Абдуғаффоровна, соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри Душанбе бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари ин автомашина хурдсол, Саидова Шукрона Абдуғаффоровна, соли таваллудаш 2009, Яқубов Муҳаммаддовуд Исломиддинович, соли таваллудаш 2015, Мусофиров Шарифҷон Олимҷонович, соли таваллудаш 2009, сокинони пойтахт ва худи ронанда дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 10:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-53”, Маматқулов Бегмирзо Маматқулович, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди деҳаи Меҳрободи ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони хурдсол, Қундузов Самирбек Сардорович, соли таваллудаш 2013, сокини ҷамоати деҳоти мазкурро, ки аз самти рости роҳ ба тарафи муқобил мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа дучархарони хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 14-уми июли соли 2018, тахминан соати 06:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу Сиело”, Холов Сафаралӣ Ғаффорович, соли таваллудаш 1986, сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди кӯчаи зикргардида бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 50-55-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона дар роҳ, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 14.07.с.2018, тахминан соатҳои 21-20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шамсулозода Иззатулло, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Восеъ-Ховалинг, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Аслонов Рамазон Сайдамирович, соли таваллудаш 1986 ва Расулов Фатҳуддин Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокинони ноҳияи Данғараро, ки дар канори рости роҳи мошингард меистоданд, пахш намудааст.
Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мутаассифона Аслонов Р. ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ