Владимир Соловёв дастфишории «Эмомалӣ-ако”-ро таъсирбахш хонд

Владимир Соловёв дар барномаи вижааш дар телевизиони Русия аз Эмомалӣ Раҳмон ситоиш кард, ки дар дастфишорӣ Доналд Трампро зӯр овардааст. Соловёв ин амали «Эмомалӣ-ако”-ро таъсирбахш номид ва гуфт, «ана ҳамин тавр Осиёи Марказӣ Амрикоро ба тарафи худ кашид!”

Ровии маъруфи телевизиони Русия Владимир Соловёв нашри навбатии барномаи вижаи «Вечер с Владимиром Соловьевым”-ро дар телевизиони Русия бо ситоиш аз раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз кард. Владимир Соловёв гуфт, қабл аз онки ба баррасии мавзӯҳои дигар бигзарад, мехоҳад дар бораи чанд рӯйдоде, ки ӯро шахсан муттаассир кардаанд, ҳарф бизанад.

Нахустин чунин рӯйдоди таъсирбахш барои Владимир Соловёв, ба иқрори худи ӯ, лаҳзаи дастфишории президентҳои Амрико ва Тоҷикистон Доналд Трамп ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои мусалмон дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ будааст.

Владимир Соловёв гуфт: «Пеш аз ҳама, унвони беҳтари мутахассиси ҷаҳон дар дастфишорӣ аз дасти Амрико рафт. Доналд Трамп дар ин набард шикаст хӯрд!”

Владимир Соловёв сипас бо овардани наворҳо аз лаҳзаҳои дастфишории Доналд Трамп бо раҳбарони дигари дунё, аз ҷумла бо сарвазири Ҷопон, гуфт, «чунин ба назар мерасид, ки Доналд Трамп ба ҳама чиз қодир аст. Ҳамсӯҳбатонашро ҳангоми дастфишорӣ ҳамеша ба тарафи худ мекашид. Вале дар инҷо (манзур ҳангоми дастфишорӣ бо Эмомалӣ Раҳмон – Ахбор) бо як фалокати бузург рӯбарӯ шуд. Бо Эмомалӣ Раҳмон вохӯрд ва маълум шуд, ки президенти Амрико президенти Тоҷикистонро дар дастфишорӣ мағлуб карда наметавонад. Эмомалӣ-ако ӯро ба тарафи худ кашид ва гӯё гуфт: Ана ҳамин ҷо биист! Ана ҳамин тавр Осиёи Марказӣ Ийолоти Муттаҳидаи Амрикоро ба тарафи худ кашид!”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *