ВМКБ: Дирӯз тарма роҳҳоро баст. Имрӯз баъзе роҳҳо бозанд

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, рӯзи гузашта, 13-уми феврал соати 16:30 дақиқа дар километри 31-32-и роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим дар мавзеи Баржири ҷамоати деҳоти А. Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52-юми мавзеи Бижури ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, роҳи нақлиётро пурра бастааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, барои тоза намудани роҳ аз тарафи МДНРА ноҳияи Ишкошим 1 адад техникаи муҳандисии булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, тахминан соатҳои 21:34 дақиқа роҳи бастаи километрҳои 51-52-юми мавзеи Бижури ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим ба пуррагӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, ки корҳои бартарафсозии паёмадҳои тарма дар километри 31-32-юми мавзеи Баржири ҷамоати деҳоти А. Замирови ноҳияи Ишкошим идома дошта, айни ҳол роҳ баста мебошад.

Ҳамчунин, рӯзи 13-уми феврали соли 2022, соати 16:55 дақиқа дар километри 8-уми роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Хоруғ-Ишкошим, мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ, километрҳои 18-24-уми деҳаи Пиши ҷамоати деҳоти Г. Шаҳбозов ва тахминан соатҳои 18:00 дақиқа дар километрҳои 30-юми деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Г. Шаҳбозов тарма фаромада, роҳро муваққатан бастааст.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада 1 адад техникаи муҳандисии боркунаки фронталӣ аз МДНРА ноҳияи Шуғнон сафарбар гардида, соати 18:32 дақиқа километри 8-ум, соати 20:40 дақиқа километрҳои 18-24-ум ва соати 22:40 дақиқа километри 30-юми роҳ боз шудааст. Ҳоло равуои нақлиёт ба ду самт ба роҳ монда шудаву монеае нест.

Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои куҳӣ эҳтиёт кунанд.

— Баъди боришоти рӯзҳои охир гармии дамои ҳаво боис шудааст, ки хавфи лағзиши тармаву резиши санг бештар шавад. Аз ин рӯ, хуб мебуд муваққатан аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ шавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *