Вохӯрии вазири тандурустии Тоҷикистон бо намояндаи ТУТ
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Павел Урсу вохӯрӣ намудааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар вохурӣ ҳамзамон роҳбари дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дахлдори вазорат низ иштирок доштаанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо ташкилоти мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба роҳбарияти ташкилоти мазкур изҳори миннатдорӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳи хонанда