Вохӯрӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Дирӯз муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии муовини Вазири умури дохилии ин кишвар Абдулхалил Бахтиёр вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ориф Нурӣ – сарпрокурори гурӯҳи мақсаднок оид ба адлияи ҷиноии Маркази адлия оид ба мубориза бо маводи мухаддир, Ҷавод Маликзой – фармондеҳи воҳиди кашшофӣ ва таҳқиқи Департаменти мубориза бо маводи нашъаовари полиси Афғонистон, Муҳаммад Гул Ваҷдӣ – фармондеҳи воҳиди махсуси миллии Департаменти мазкур ва Саид Маҳдӣ Каземӣ – котиби матбуотии Департаменти мубориза бо маводи нашъаовари полиси Афғонистон иштирок доштанд.
Абдураҳмон Аламшозода изҳор дошт, ки мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо полиси Афғонистон дар робитаи зич қарор дошта, дар заминаи санадҳои ба имзорасида як зумра корҳоро ба анҷом расонидаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, қочоқи инсон ва мубодилаи иттилоот гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Муовини Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулхалил Бахтиёр зикр кард, ки кормандони полис вазифаи мушобеҳ дошта, бо ҳам дӯсти воқеианд. «Хушбахтона, дар кишваре, ки мо бо он ҳамсоя ҳастем, яъне Тоҷикистон, сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ҳукмфармо буда, мардуми Афғонистон аз кумакҳои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд ва сипосгузор аст. Мо дар якҷоягию ҳамбастагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки террористон ба аҳдофи стратегии худ нарасанд. Полиси Афғонистон навкор буда, ҳамагӣ 17 сол дорад, вале Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою ғанӣ дошта, мо бо ин ниҳоди пурқудрат табодули таҷриба намуда, мубодилаи иттилоотро низ тақвият мебахшем»,-зикр намуд Абдулхалил Бахтиёр .
Ба иттилои манбаъ, дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани ҳамкорӣ дар самти пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар масоил табодули афкор намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ