Вохӯрии Ҳамрохон Зарифӣ бо хатмкунандагони Донишгоҳи байналмилалии Япония

Сафири Тоҷикистон дар Япония намояндагони Маркази ҳамкории байналмилалии Япония, инчунин донишҷӯён-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати хатм намудани Донишгоҳи байналмилалии Япония ва ҳимояи рисолаи магистрӣ ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон бо дарназардошти шароит ва имкониятҳои барномаи мазкур таъкид намуд, ки баробари омӯхтани илмҳои дақиқ ва ихтисосҳои касбӣ, донишҷӯён барои аз худ намудани дастовардҳои технологияҳои муосир ва омӯзиши забони кишвари иқомат, ки тақозои замон аст, бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

Боиси тазаккур аст, ки донишҷӯёни мазкур аз соли 2014 ба муддати ду сол бар асоси Созишномаи дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи “Бурсия барои рушди захираҳои башарӣ” (JDS), ки барои мутахассисони ҷавони кишвар аз ҳисоби бурсияҳои таълимии Ҳукумати Япония ҷудо мегардад, таҳсил намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Ҳамрохон Зарифӣ бо Валиаҳди Япония шоҳзода Наруҳито мулоқот дошт ва масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, фаъолияти намояндагии дипломатӣ дар Япония ва дигар масоили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди  сӯҳбат қарор гирифтанд.

Валиаҳд дар мулоқот аз ташаббус ва иқдомҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» бо қаноатмандӣ ёдовар шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *