Субҳони Саид овозхони номдори тоҷик даргузашт(ВИДЕО)

Шоми 5-уми июл дар арафаи иди саиди фитр яке аз чеҳраҳои намоёни санъати тоҷик, овозхони саршиноси миллат Субҳони Саид аз олам даргузашт. Субҳони Саид соли 1961 дар деҳаи Кушкаки мазори ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, то вопасин нафасҳояш барои рушду нумӯи санъати тоҷик талош меварзид. Замони роҳбарии оркестри эстрадии «Гулшан»-ро бар дӯш доштанаш ин марди ҳунар беҳтарин санъаткоронро аз гӯшаву канори гуногуни кишвар ҷамъ оварда, шуҳрати баъди марги Кароматуллои Қурбон аз даст рафтаи «Гулшан»-ро дубора эҳё намуда буд. Субҳони Саид натанҳо як овозхони варзида, балки устоди соҳибмактабест, ки шогирдони зиёдеро тарбият намудааст. Машҳуртарин ҳунармандони тоҷик маҳз аз чашмаи ҳунари Субҳони Саид об хӯрда, бо шарофати мактаби ҳунарии ин устоди сахтгир ва гавҳаршинос роҳи худро дар ҷодаи санъат пайдо намуда, ба қуллаҳои баланд расидаанд.

Солҳои охир тақдир бо ин хунёгари  нотакрор бозиҳои номардонаи бисёре намуда, ӯро дар гирдоби зиндагӣ бераҳмона печутоб медод. Хатои нобахшидании табибон боиси он гашт, ки ин марди ҳунарвар аз пойи равон маҳрум гардад. Пас аз ҷарроҳии бебарори дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе гузаронидашуда ҳоли Субҳон табоҳ гашта, ҳунармандро маҷбур сохт, ки роҳи Русияро пеш бигирад. Табибони яке аз клиникаҳои Русия ин ҳунарманди тоҷикро ҷарроҳӣ намуда, дока-бинти фаромӯшкардаи табибони тоҷикро аз ҷисмаш берун кашиданд, вале бар асари докаи фасодгирифта пойи ҳунарманд аллакай пӯсида буд.  Табибони рус маҷбур шуданд, ки пойи хунёгари тоҷикро аз зону бурида партоянд. Як хатои табибон ин марди ҳунарро ба қатори маъюбон даровард. Тӯли қариб 10 соли охир дар бистари беморӣ мехкӯб бошад ҳам, ба ҳоли табоҳаш нигоҳ накарда Субҳони Саид, то нафаси охирин машғули эҷод буд ва таронаҳои марғубу дилчасп меофарид. Сурудҳои охирини Субҳони Саид оҳанги панду насиҳатӣ дошта, ҷавононро ба ҳурмату эҳтироми падару модар ва пос доштани ҳаққи дӯстиву ошноӣ даъват менамоянд. Эҷодиёти ин марди ҳунар хазинаи бебаҳоест, ки ояндагон аз он бисёр сирру асрори санъати тоҷикро омӯхта метавонанд.

Маросими видоъ бо ин ҳунарманди нотакрор дар ноҳияи Ҳисор баргузор гашта, Субҳони Саидро дар зодгоҳаш-деҳаи Кушкаки Мазор ба хок месупурданд. Субҳон аз дунё рафт, вале ёди ӯ, садои ширадор ва таронаҳои дилнавози ӯ то абад дар дилу дидаи дӯстдорони санъат зинда хоҳад буд.

Фурқати Саид, яке аз шогирдонаш ин субҳ хабар дода, навишт: «Ду соат кабл дили поки хунарманди нексиришту баландпарвоз Субхони Саид аз тапидан бозмонд…У орзухои ширинашро бо худ ба домони хок бурд…Таронахои носурудааш дар гулуяш бозмонд…Эх Субхон, Субхон…туро борхо дар зиндагй куштанд, ба садоят гуш надоданд, равзанахоро ба руят бастанд, аммо ин нотавонбинон кучо медонистанд, ки фареди ту ба дарди мардум хурда пайкараат дар хумдонашон чо гирифтааст…

Рузе равам аз дуне дунеи маро ебед,
Дар хок шавам пинхон пайдои маро ебед…
Яке аз таронахои вопасини хунарманди андалебохангу махмалинсадо Субхони Саид буд, ки моро хушдор медод то ба дидорбиниаш равем, зеро дарк карда буд, ки аз умраш рузхои башумор бокй мондааст..Акнун туро чун устухони Рудакй аз хок мекобем (ед)…Манзили охиратат обод бод устоди гиромй. Мактаби хунариатро мо шогирдон поянда медорем….»

Субҳони Саид яке аз овозхонони номдори солҳои 90-уми асри  гузашта буд, ки то ҳол шуҳраташ кам нашуд ва то ахирин лаҳзаҳои ҳаёташ эҷод мекарду сурдои нав мехонд.

Ӯ чанд моҳ қабл дар як паёми видеоӣ шеъри Абдувоҳиди Зевар, ки ба муҳоҷирони тоҷик бахшида шуда буд, қироат кард.

Видеои қироати ин шеър ин ҷост:

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.