Вохӯрӣ бо сайёҳони хориҷӣ баъд аз фоҷиаи Данғара (Видео)

Сайёҳони «тарсхӯрда»
…Роҳ чун кафи даст ҳамвор буд, аммо гардишҳои зиёд имкон намедоданд, ки суръати мошинро баланд кунӣ. Хусусан, чунин гардишҳои ба қавли ронандаҳо “слепой” дар роҳи байни нақби “Истиқлол” ва маркази ноҳияи Айнӣ ниҳоят зиёданд ва имкон намедиҳанд, ки ҳатто ронандаи беодобтарин “ ҳам суръати мошинро баланд кунад, вагарна ба коми дарёи Зарафшон рафтанаш аз эҳтимол дур нест ва борҳо ҳам чунин шудааст. Вақте ки мошин хамгашти навбатиро убур намуд, якбора аз пеш ду велосипедсаворон намудор гаштанд, ки дар пушт борхалта ва дар сар кулоҳи зиддиофтобӣ пӯшида буданд. Шимҳои кӯтоҳи онҳо ва тарзи либоспӯшии барои ронандагони велосипед мувофиқашон гувоҳи он буд,ки инҳо сайёҳони дучархасавори хориҷианд. Якбора ба хотирам террори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара расид ва ҳанӯз велосипедсаворон бо мошин баробар нашуда, дар канори роҳ онро нигоҳ доштам. Гумон кардам, ки ин сайёҳон баробари мошинро доштани ман ба ҳарос меафтанд ва барои ҳамин аз ҷои нишастам табассумкунон дастамро бо аломати салом бардоштам. Аммо дар чеҳраи онҳо , ки аллакай дар баробари мошини ман таваққуф карда буданд, заррае аз тарсу ҳаросро наёфта, худам ҳайрон шудам. Наход ин сайёҳон аз фоҷиае, ки ҳанӯз як моҳ сипарӣ нашудааст, огоҳ набошанд ва ин қадар боҷуръатона дар назди мошине,ки аз онҳо ким- чӣ мехоҳад, таваққуф кунанд? Яке аз велосипедсаворон баробари аз мошин фаромадани ман наздик шуда, ба сӯям даст дароз кард ва бадоҳатан худро шиносонд: “Боб, аз Лондон…” Инглисидонии ман баробари ҳарфшиносии хонандаи синфи як аст ва гумон кардам, ки бо чунин забондонӣ, ки ғайр аз “ай лав ю (I love you)…” ва “сен к ю (Thank you)” дигар чизеро намедонам, дар гумон буд,ки бо ин сайёҳон на танҳо мусоҳиба, балки бо имою ишора роҳи рафта истодаашонро пурсон шавам. Хушбахтона, Боб дар забондонӣ аз ман босаводтар будааст, ки бо забони русӣ андаке ҳарф зада метавонист ва тарҷумони асосии ман дар ин мусоҳибаи кӯтоҳи сарироҳӣ бо сайёҳон шуд.

-Боб, шумо дар бораи фоҷиаи Данғара маълумот доред?
-Албатта, сад афсӯс, ки ин ҷавонон қурбони дасиса шуданд…
-Шумо сайёҳонро дар назар доред, Боб?
-Ҳамаи кушташудаҳоро…Охир онҳо қурбонии мардуми сиёҳдил шуданд, ки мехоҳанд кишвари шуморо мисли ҳамсояатон Афғонистон кунанд…
-Баъд аз ин ҳодиса боз натарсида, ба Тоҷикистон омадед?
-Албатта, вақте ки ин ҳодиса рух дод, мо дар ҳудуди Қазоқистон будем. Вале аз раъямон нагаштем, зеро ман тоҷиконро ҳанӯз аз солҳои пеш мешиносам. Шояд дар рӯи замин халқи аз ин сулҳдӯсттаре набошад. Он,чӣ ки бо сайёҳон дар Данғара рух дод, як амале буд,ки метавонист дар ҳама ҷо рӯй диҳад. Барои ҳамин мо аз раъямон нагаштему тарсончак ҳам нестем …Мо қариб як сол аст, ки дар роҳем. Ҳоло боз як гурӯҳи дигар аз паси мо омада истодаанд. Онҳо аз Дания (ба қавли Боб, Денмарк. А.А.) мебошанд ва ҳоло шояд марзи Тоҷикистонро убур мекунанд…Мо ҳоло ба Душанбе, аз он ҷо ба Кӯлоб, баъд ба Бадахшон ва аз он ҷо ба Қирғизистон меравему баъд ба Ҷопон…
-Чӣ мушкилотеро дар ин ҷо интизоред?
-Ҳаво аз ҳад зиёд гарм аст. Дигар ҳама чиз о,кей!

 

Ба Бобу ҳамсафараш роҳи сафед талабида, ба сари чанбарак нишастам. Он вақт намедонистам,ки дар ин сафар боз бо як гурӯҳи дигари сайёҳон дар сари як дастурхон менишинам…
…Вақте ки дар деҳаи Навободи ноҳияи Панҷакент маро ба дохили хонае даъват намуданд, дар як гӯшаи ҳавлии соҳибхона ғарами борхалта (рюкзак)-ро дида, ҳайрон шудам. Аз гӯшаи баъзе аз ин борхалатаҳо метини кӯҳбароӣ намудор буд. Ҳайрати ман вақте боз ҳам бештар шуд, ки дар дохили хона чанд нафар марду як занеро дидам, ки дар болои курпача якпаҳлу зада, мисли тоҷикони асил чои кабуд менӯшиданд. Баробари ворид гардидани ман онҳо мисли ҳамаи тоҷикон аз ҷой бархостанӣ шуданд , вале нагузоштам ва бо эшон даст ба даст вохӯрӣ намуда, ман ҳам болиштеро ба сӯи худ кашидаму, паҳлу задам.
Ҷавонмарде, ки ба онҳо хизмат мекард, бо забони модарии меҳмонон маро ба эшон муаррифӣ кард ва шояд гуфт,ки аз Душанбе омадааст. Зеро аз байни гуфтаҳои ҷавонмард танҳо ҳамин калимаро фаҳмида тавонистаму халос. Дар навбати худ, ҷавон меҳмононро шинос карда истода гуфт, ки ин сайёҳон аз шаҳри Франкфурти Олмон омадаанд.Тавре гуфтам, дар забондонӣ банда бо ҳар ду по мелангад ва ба ғайр аз тоҷикӣ, танҳо ӯзбекию русиро мефаҳмам, ки барои ин замона хеле ва хеле кам аст.Бинобар ин, такя ба ҳамон ҷавони маҳаллӣ, ки ҳанӯз донишҷӯ будааст, вале забони олмониро хеле хуб медонад, намуда, суҳбатро бо меҳмонон идома додам.
-Велосипедҳоятон канӣ?
-Мо велосипед надорем, мо сайёҳони пиёдаем. Танҳо такя ба пои худ мекунем,-механдад яке аз меҳмонон,-Аз Франкфурт ба Душанбе, аз он ҷо пиёда ба Кӯли Калон ва Кӯли Аловуддин омадем. Мехоҳем ҷойҳои диданибоби Тоҷикистонро тамошо кунем…
-Барои ин шуморо лозим меояд, ки ҳамаи ҷои Тоҷикистонро тамошо кунед,-шӯхӣ мекунам ман, -Зеро Тоҷикистон ҷои тамошо намекардагӣ надорад…
Ин ҳазли ман пас аз тарҷумаи донишҷӯ –тарҷумон ба меҳмонон маъқул шуд ва онҳо баланд механданд ва ба фикри ман, Курт-сайёҳи собиқадор,ки чандин мамлакатро пиёда тай намудааст, розӣ мешавад. Суҳбати мо боз баргашта ба сари фоҷиаи Данғара бармегардад ва сайёҳони пиёдагард мисли он дучархасавороне,ки дар Айнӣ вохӯрда будам, мутмаинанд,ки ин амалро маҳз ба хотири тарсондани сайёҳон дар сарзамини тоҷикон содир намудаанд, вале ҳадафашон барбод рафт ва ягон нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ки нияти сафар ба Тоҷикистонро дорад, аз раъйи худ намегардад. Онҳо ба тоҷикон, ба меҳмондӯстию рафоқати ин мардум боварӣ доранд…
Ҳангоми хайрухуш соҳибхона бе ягон маблағ мошини худаш ва мошини ҳамсояашро ба ихтиёри меҳмонон –сайёҳон гузошт, ки онҳоро ба зеботарин кӯлҳои ин минтақа Ҳафткӯли афсонавӣ барад…
Пас, нақшаи тарсонидани мардуми тоҷик ва сайёҳоне,ки кишвари мо меоянд, нақшест дар рӯи оби кӯлҳои зебои Тоҷикистон аст,ки лаҳзае намоён мешаваду пас аз он бебозгашт нопадид мегардад…
Абдумудассир АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *