Ҷон бохтани келину хушдоман дар садамаи нақлиётӣ

Чуноне ВКД хабар медиҳад, 22-юми августи соли 2018, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Балхиев Фаридун Насруллоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Ховалинг-Восеъ, дар ҳудуди деҳаи Дороби ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина: модари ронанда, Суфиева Моҳҷонбӣ, соли таваллудаш 1950 ва ҳамсараш Лаълимои Қосимхӯҷа, соли таваллудаш 1992, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда ва духтари бародараш, ноболиғ, Балхиева Меҳрона, соли таваллудаш 2006, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *