Вохӯрии Назарбоев бо писари президент
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 15 март дар шаҳри Остона бо Сардор Бердимуҳаммадов, раиси кумитаи порлумони Туркманистон ва писари раисҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.
Бердимуҳаммадови хурдӣ дар ҳайати як гуруҳи мансабдорони кишвараш ба раҳбарии раиси порлумон Акджа Нурбердиева ба Остона сафар кард.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон, Назарбоев дар вохӯрӣ бо Бердимуҳаммадови хурдӣ тақвияту рушди ҳамкориҳои Ишқобод ва Остонаро муҳим номида, ба президенти Туркманистон комёбиҳо орзу кард. Писари Бердимуҳаммадов дар навбати худ ба Назарбоев паёми падарашро шахсан расондааст.
Президенти Қазоқистон 15 март дар Остона пеш аз баргузории ҷаласаи машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамтоёни тоҷику ӯзбек ва қирғизи худ алоҳида вохӯрд, вале бо раҳбари порлумони Туркманистон мулоқот накард.
Сардор Бердимуҳаммадови 36-сола номзадии худро дубора ба мақоми вакилии порлумони Туркманистон дар интихоботи 25 март пешниҳод кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ