Вохӯрии Раҳматуллозода бо вакилони Парлумони Аврупо
Дар қароргоҳи Парлумони Аврупо дар шаҳри Страсбурги Фаронса вохӯрии Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо вакилони Парлумони Аврупо баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқоте, ки дар фазои бисёр дӯстона сурат гирифт, ва брифинге, ки ба дунболи он Намояндаи доимӣ баргузор намуд, ба ҳозирин иттилооти фарогир пиромуни вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар 25-умин соли эълони истиқлолияташ пешкаш гардид.
Зикр гардид, ки ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон тули ин чаҳоряк аср ба пуштибонии марҳалаи гузариш ва таъмини рушди устувори неруи инсонӣ ва иқтисод равона шудааст. Дар ин росто Созишномаи ҳамкорӣ ва шарокат, ки дар равобити Тоҷикистону ин ниҳод заминаи асосӣ ва муҳимтарини ҳуқуқиро таҷассум месозад, дар айни ҳол чаҳорчӯби фарогири чунин ҳамкорӣ дар бахшҳои калидии ислоҳот буд.
Рушди ҳамарӯзаи сиёсиву иқтисодии кишвар аз тариқи идомаи мустадоми раванди ислоҳот дар бахшҳои мазкур, танаввуъи он, рақобатпазирии афзояндаи иқтисоди миллӣ, пешбурди бетаваққуфи низоми молиявию бонкӣ, ки дар ислоҳоти сохториву созмонии онҳо инъикос меёбанд, амалӣ мегардид.
Ҳукумати кишвар ба наздикӣ Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати рушди миллиро барои солҳои 2016-2030 тасдиқ намудааст, ки онҳо барои боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар аз тариқи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам бунёд хоҳанд кард.
Сафири Тоҷикистон таваҷҷӯҳи вакилони Парлумони Аврупоро ба саҳми Тоҷикистон дар муборизаи ҳамагонӣ бар зидди падидаҳои шуми муосир – ифротгароӣ, ҳаросафканӣ ва интишори беқайдонаи маводди мухаддир ҷалб намуда, нақши кишварро ба ҳайси пешбару пешсафи чунин мубориза бо арқому далелҳои қотеъ тақвият бахшид.
Роҷеъ ба ин мавзуоти муҳимтарин суҳбат намуда, Э. Раҳматуллозода зикр кард, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа аввалин шуда Стратегияи миллии пешгирии ифротгароии зуроварро бо кӯмаку ҳамкории САҲА омода намудааст, ки асоси ҳуқуқии хуберо барои саъю талошҳо дар ин ҷода омода месозад.
Бо интиқол ба мавзуоти минтақавӣ ва марбут ба ҳамсоякишварҳо Намояндаи Тоҷикистон зикр кард, ки ҳамкориҳои бештар ва зичтар байни ҳамаи кишварҳои минтақа тақозои доғи рӯз аст ва дар ин ҷода баъзе таҳаввулоти кӯчак, вале умедбахш ба назар мерасанд. Тақвияти ҳамгироӣ ва таъмиқи ҳамкорӣ ба нафъи ҳамагон хоҳад буд – таъкид кард Сафири Тоҷикистон.
Дар ин росто масоили марбут ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, маҷмуаи мавзуоти бисёр муҳимми бо обу энерҷӣ иртиботдошта, авомилу сабабҳои мушкилоти дар бахши иртиботиву нақлиётӣ дар минтақа ҷойдошта мавқеи мусбат ва созандаи Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи онҳо батафсил баррасӣ гардиданд ва дар баҳси доманадори беғараз баҳови худро дарёфт намуданд.
Ба ҳамин тариқ масоили мушкилоти имрӯзаи ба дунболи буҳрони фарогири молиявию иқтисодӣ ба кишвар омада, муаммои муҳоҷирини меҳнатӣ, таъсири иқтисоди Русияву Чин ба иқтисоди кишвар ва роҳҳои хуруҷ аз ин вартаҳо низ мавзуи баррасиҳоро ташкил доданд.
Дар фарҷом Намояндаи доимии Тоҷикистон ба саволҳои сершумори вакилони Парлумони Аврупо ҷавобҳои мушаххас дода, зарурати ҳамкориҳои созандаи байни тарафҳоро ба нафъи ҳамагон таъкид намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ