Вохӯрии вазирони Эрон ва Арабистони Саудӣ

Бархе расонаҳои Эрон рӯзи сешанбе бо нашри аксҳое аз дидори Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон бо ҳамтои саудии ӯ Одил Ал-Ҷубайр дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Истанбул хабар доданд. Хабаргузории ИСНА дар ин бора гузориш додааст, ки ҳангоми вуруди Муҳаммадҷавод Зариф ба толори нишасти Истанбул, Одил Ал-Ҷубайр бо ҳадафи даст додан ба тарафи ӯ рафта ва бо ҳам гуфтугӯ кардаанд.

Ҷузъиёти бештаре аз ин мулоқот нашр нашудааст, аммо ин нахустин бор аст, ки вазирони умури хориҷии Эрон ва Арабистони Саудӣ аз замони қатъи робитаҳои сиёсӣ ба таври мустақим бо якдигар рӯбарӯ гуфтугӯ кардаанд. Арабистони Саудӣ робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо Эрон замони ҳамла ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон қатъ кард.

Ҳазорон нафар эронӣ дар моҳи январи соли 2016 дар пайи эъдоми рӯҳонии шиаи Саудӣ Шайх Намир аз сӯи мақомоти Риёз, ба сафорати Арабистон дар Теҳрон юриш бурданд ва онро ба оташ кашиданд. Дар пай он Риёз равобити дипломатии худ бо Теҳронро қатъ кард. Ду кишвар дар як соли гузашта шадидтарин иттиҳомотро алайҳи якдигар дар хусси ҳимоят аз терроризм дар минтақа матраҳ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *