Сурайё Воҳидӣ — Афғонистон
Ташнаи нур
Онҷо садои чист…?
Хилватсарои кист?
Дар чорсӯи фасл,
Дар имтидоди лаҳзаи тардиди вожаҳо.
Ноқуси зарбаҳои кадомин саҳаргаҳон,
Пажвок мешавад.
Эй дӯр,
Дӯри дӯр,
Эй ояти ғурур.
Дар лоҷварди маъбади рӯёии умед,
Инак нигоҳ кун.
Пинҳон зи дидагони худовандгори шеър,
То нокуҷои ишқ,
Сафар карда меравӣ.
Чуно фурӯғи ташна ё шоми зудрас,
Раҳворвор дар нафаси субҳгоҳи пок,
То бешаи хӯшаи хуршед меравӣ.
Эй ҳастии ҳузур,
Гар во гузориям,
Дар бекарони хеш,
Бо сад ҳазор дил,
Мавҷи хаёли саркаши доман гирифтаро,
Пур аз ниёзи оташи ҷовид мешавем,
Хуршед мешавем.
***
Аз қуллаи шаб
Наво дар шӯри дигар соз кардам,
Ки ин девонагӣ оғоз кардам.
Чӣ шабҳо сӯхтам то чашми ӯро,
Ба чашми поки дил ҳамроз кардам.
Зи девори шабони тираи хеш,
Даре сӯи шафақҳо боз кардам.
Шавам то огаҳ аз рози нигоҳаш,
Даруни сина дил ғаммоз кардам.
Ба оташ хӯ гирифтам нек, аммо,
Даме бо зиндагӣ парвоз кардам.
Фузунтар з-ин ду гавҳар чист дар даҳр,
Ба номи ишқу инсон, роз кардам.
Чу растохезиён аз қуллаи шаб,
Фурӯғи фаҷрро оғоз кардам.
***
Тиҳитар аз танҳоӣ
Боз ҳам оинаи миод,
Чӣ абусу танҳост.
Ва ман аз панҷараи баста ба он менигарам,
Набзи ҳар лаҳза дар он таркида,
Ва ҳам нобории ишқ дар он печида,
Ва ман аз дидани он дилтангам.
***
Оштӣ
Шукуфоии як баҳори сухан, дар нигоҳони туст,
Ва инҷимоди як замистони раъша.
Дар равони ман,
Ҳой-ҳой… Баҳор, баҳор…!
Дар сояи шоди равони нигоҳонат,
Лаҳзае паноҳ меҷӯям,
Лаҳзае, ки миқёси он дурахшиши як озарахшист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ