Вохӯрии вазирони хориҷаи Тоҷикистону Беларус
Дирӯз дар ҳошияи Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Валентин Рибаков доир гардид.
Тавре аз ВКХ ҶТ кишвар хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории манфиатбахши дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хоса ба густариши робитаи байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду ҷониб, рушди ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ зоҳир карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ