«Таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия дар даврони истиқлол»

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия дар даврони истиқлол» баргузор мегардад.
Дар конфронс вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сухани ифтитоҳӣ намуда,  номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар мавзӯи «Рушди ҳамкории мутақобилаи фарҳангӣ байни Тоҷикистону Русия дар заминаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ»,  профессори кафедраи фаъолияти иҷтимоӣ- фарҳангии Донишкадаи давлатии фарҳанги Челябинск Бозоралӣ Сафаралиев дар мавзӯи «Саҳми муассисаҳои таълимии Русия дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон» ва номзади илмҳои педагогӣ Ботурҷон Каримов дар мавзӯи «Муносибати инноватсионии ҳалли масоили менеҷмент дар фаъолияти иҷтимоӣ- фарҳангӣ» маърӯза хоҳанд кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.