Усмонзода Хирадманд

Вокуниш: Қаҳрамонон фаромӯш нашудаанд…

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мақолаи Ҷамолиддин Ҷалолиён оид ба “Қаҳрамонон фаромӯш шудаанд?” (“Тоҷикистон”, №3 (1514), 18-уми январи соли 2023)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, чунин маълумот медиҳад.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вобаста ба ҷовидон гардонидани номи қаҳрамононе, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон бохтаанд ва поси хотири онон корҳои заруриро ба роҳ мондааст.

Тавре дар мақолаи болозикр омадааст, ҳақиқатан дар асоси қарори Шӯрои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 аз 20-уми сентябри соли 2022 ва пешниҳоди аҳолии деҳаи Вашан дархости ҷамоати деҳоти Урметан аз 21-уми сентябри соли 2022, №263 оид ба номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 ба номи лейтенанти калони Гвардияи миллӣ Усмонзода Хирадманд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ворид гардида буд.

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз ҷониби аъзои Комиссияи номгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баррасӣ ва корбарӣ қарор дода шуданд. Аммо муассисаи номбурда айни ҳол ба номи мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш гузошта шудааст.

Бинобар ин, аъзои Комиссияи номгузорӣ ба хулосае омаданд, ки ҳуҷҷатҳои номгузорӣ намудани хоҷагии деҳқонии “Вашан” ба номи марҳум Усмонзода Хирадманд дар маҷлиси навбатии Вакилони халқи ноҳия, ки моҳи марти соли равон баргузор мегардад, барои тасдиқ пешниҳод карда шаванд.

Поси хотир ва ҷовидон нигоҳ доштани номи шаҳидоне, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия боқӣ хоҳад монд.

Г. А. ЗОКИРЗОДА, муовини раиси ноҳияи Айнӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *