Вокуниш-622: «Эҳтиёт бошед, домана омадааст!» pressa.tj, 22 июни соли 2017

Бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи эпидемиологии бемориҳои тавассути об сироятёбанда ва расонидани кӯмаки амалӣ гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар сафарбар карда шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани омӯзишҳо муайян карда шуд, ки омили асосии хуруҷи бемориҳои тавассути об сироятёбанда дар ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар, истифодабарии аҳолӣ аз обҳои кушод мебошад. Муайян гардид, ки каналу ҷӯйборҳо дар маҳалҳои аҳолинишин аз даруни ҳавлиҳои шаҳрвандон гузашта, ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳоҷатхонаҳо дар масофаи то 1 метр аз шохоби дарёча сохта шуда, пасобаи ҳаммомҳо ва саршӯйхонаҳо ба оби каналу ҷӯйборҳо мерезанд.

Муайян гардид, ки то имрӯз 5 нафар гирифторони бемории домана бистарӣ гардидаанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии беморӣ ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, дар ҳама нуқтаҳои аҳолинишини ҷамоат шахсони масъул аз ҳисоби кормандони муассисаҳои КАТС ва Беморхонаи марказӣ, МТТҲС ва МНДСЭ вобаста карда шуданд. Инчунин иншоотҳое, ки ҳамчун манбаи хатар дар наздикии каналу ҷӯйборҳо мавҷуданд, безарар ва нест гардонида шаванд.

 

Муовини вазири тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

М. Камолзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *