Мухолифин дар хориҷ Қу, Моҳӣ ва Харчанг аробаро кашида метавонанд?

 

Моҳи равон, баъд аз Рамазон дар ҳаёти сиёсии кишвар чанд ҳодисае ба амал омад, ки то андозае барои расонаҳо “хӯрок” дод. Аксари  ин ҳаводис ба ҳодисаҳое, ки дар хориҷи Тоҷикистон   рух додаанд, вобаста буданд. Дар оғоз чанд тан аз ақрабои полковники гуреза Гулмурод Ҳалимов ҳангоми фирор ба Афғонистон дар ноҳияи Восеъ кушта шуданд. Баъдан, дар Олмон, дар шаҳри Дортмунд роҳбари ҲНИТ (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ) Муҳиддин Кабирӣ гӯё ба муносибати 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад баргузор намуд ва ба он  мухолифини дигари ҳукумати кунунӣ –“Гурӯҳи 24” ва гурӯҳеро бо номи “Анҷумани неруҳои созанда”даъват намуда, гӯё дар миён масъалаи муттаҳидшавии ин неруҳо ба муқобили ҳукуматро ба миён гузошта бошад. Инчунин, Каромат Шарифов , яке аз мунаққидони сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон дар Русия баён дошт,ки “риштарошони”-и тоҷикон сафи муҳоҷиронро ба ин кишвар  зиёд мекунад. Албатта ин се  ҳодиса  дар назари аввал гӯё бо ҳам алоқамандие надоранд. Аммо агар чуқуртар андеша намоем, мебинем,ки ба гуфти муовини аввали Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров,   ҳади аққал яке аз ин ҳодисаҳо-ҷамъомади мухолифин дар Дортмунд барои ҷомеаи тоҷик ва афкори созанда  хатар дорад. Албатта, ба баъзе аз андешаҳои Сафаров дар ин маврид розӣ шудан мумкин. Вале дар мавриди он, ки гурӯҳҳои гуногуни зиддиҳукуматӣ дар хориҷи кишвар бо ҳам омада, як  эътилофи наве ба мисли ИНОТ (Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик) ташкил медиҳанд, ба пуррагӣ розӣ шудан ғайриимкон аст.  Чаро? Аввалан, ин гурӯҳҳои гуногунпӯст (разношерстний) аз ҳамдигар фарқи бунёдӣ доранд. ҲНИТ (ҳизби мамнӯъшуда) дар симои Тоҷикистон як кишвари исломӣ ва дар асоси қонунҳои шариат амалкунандаро дидан мехоҳад. “Гурӯҳи 24” (мамнӯъ),ки пас аз он, ки дороиҳояшро дар Тоҷикистон аз даст дод, “мухолиф” шуд ва иртиботе бо ислом надорад. “Неруҳои созанда” (агар Атовуллоро ҳам бо “Ватандор”-аш ба он шомил кунем,)  чандин сол боз бо сиёсати давлати  Тоҷикистон ихтилоф доранд ва бо ҳамин роҳ аз созмонҳои “инқилобҳои ранга” пул мегиранду зиндагиашон дар Ғарб бад намегузарад ва нияти дубора худро ба коми оташ задан надоранд. Нисбати ҳама ин гурӯҳҳое,ки номбар кардем ва аъзоёни алоҳидаи онҳо , ба гуфти Прокуратураи генералӣ,  дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Иттиҳоди вертуалии  ин неруҳо дар баробари Ҳукумати Тоҷикистон танҳо метавонад шакли ба қавли ҳарбиён, тактикӣ дошта бошад, на стратегӣ.  Аммо хатар -хатар аст ва нодида гирифтани он  камоли ақлоният нест. Албатта, ҳар як  кишвар барои ҳифзи сиёсати амалкунандаи  худ ва барои ҳифзи оромию суботи шаҳрвандонаш мекушад ва агар ҷониби Тоҷикистон низ дар ин маврид тасмиме гирад, ҳаққу ҳуқуқи комил дорад. Пас чӣ бояд кард, ки нақшаи кашидаи мухолифин дар мавриди ин иттиҳод мисли нақш дар об боқӣ монад? Дар ин маврид таҳлилгарон чанд варианти мухолифат бо мухолифинро пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла, онҳо пешниҳод менамоянд,ки бояд ҳукумат аз мухолифати байни мухолифин истифода барад ва нагузорад,ки онҳо бо ҳам муттаҳид шаванд. Шояд дар долонҳои ҳукумат сари ин масъала андешарониҳо мавҷуданд, вале қабл аз ҳама бояд ҷомеаро аз хатари ин гурӯҳҳое, ки пас аз бист соли оромию субот боз мехоҳанд фазои кишварро гардолуд созанд, огоҳ намуд. Тавсия ва маслиҳат додан кори осон аст, аммо амалӣ кардани он  душвор. Боре аз ронандае пурсидам, ки агар дар вақти ҳаракат аз берун саге ба мусофирони мошин ҳуҷум кунад, чӣ кор мекунад? Чунин ҳолат бо аксари ронандаҳо рух додааст. Ӯро зери чарх мегирад ва ё ягон амали дигар мекунад, масалан бо паҳлуи мошин онро мезанад? Ӯ гуфт: “На ину на он. Маълум, ки саг ҳеҷ гоҳ ба мошин зарар расонида наметавонад, вале ба асаби ронандаю  мусофирон мерасад. Барои ин ман гази мошинро сахттар пахш мекунам ва аз назди он дур мешавам. Танҳо пеш рафтан лозим…” Воқеан, пешравиҳои ҳамарӯза ва сол ба сол беҳтар гардидани зиндагии шаҳрвандон метавонад ба муқобили ҳар гуна мансабхоҳону моҷароҷӯён ҷавоби дандоншикане  бошад. Тавре ки дар масали машҳури  нависандаи  рус Крилов ҳаст, ҳарчанд Қу, Моҳӣ ва Харчанг аробаи пурборро кашиданӣ мешаванд, аммо аз сабаби он,ки ҳар кадоме онро ба самти худ мекашад, он аз ҷой намеҷунбад.  Вале барои он,ки ин ароба умуман ҳаракате накунаду ба ҷарӣ наафтад, бояд Қуро бе дон  ва  Моҳию Харчангро бе об мононд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *