Волидайни сарбозон аз Хуҷанд ба Душанбею Кӯлобу Хоруғ мераванд

Як гуруҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва волидайни наваскарон бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода бо мақсади аёдати сарбозон ба қисмҳои низомии ҷанубу шарқи кишвар сафарбар карда шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ин иқдом бо дастури раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода амалӣ гардида, ҳадаф фароҳамсозии дидори волидайн бо фарзандони шуҷои хеш мебошад, ки алъон дар қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат адои хизмат намуда истодаанд.

Тавре зикр мегардад, гуруҳи кориро намояндагони шуъбаи фарҳанг, аҳли санъат низ ҳамроҳӣ доранд, то бо фароҳамсозии фазои фарҳангӣ дар мулоқоту дидорбинии волидайн бо фарзандонашон саҳмгузорӣ намоянд.

— Дар нақшаи гуруҳи корӣ аёдати сарбозон дар қисмҳои низомии шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Фархор, Кўлоб, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Хоруғ, Ишкошим ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *