“Ворастагон”. Нашрияи нав дар факултаи журналистика
Ба ифтихори 30-солагии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуруҳи донишҷӯёни курси 4-уми ин даргоҳ рӯзномаи “Ворастагон”-ро ба нашр расониданд.
Нашрия дар 8 саҳифа бо матолиби хубу ҷолиб таҳия гардидааст. “Ворастагон” маънои раҳоёфтагон, озодагон, растагоронро дорад, ки шиораш “На озодӣ, на побаста, фақат бо руҳи вораста” мебошад. Дар саҳифаҳои ин нашрия асосан аз ҳаёти имрӯзаи донишҷӯён, таҳсили чорсола, дастоварду муваффақиятҳои ин гуруҳ гуфта шудааст.
Рӯзнома нахустнашри худро ба ҷашн 30-солагии факултет бахшида, дар суҳбат бо профессор Иброҳим Усмонов аз таърихи таъсиси факултет ёдоварӣ кардааст. Дар матолиби дигар аз имрӯзу фардои факулта, заҳмати устодон дар тарбияи донишҷӯён ва нақши факултет дар тарбияи кадрҳои журналистӣ сухан меравад.
У. СУМАН, донишҷӯ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ