Конор

Конор ба майдон меояд

Собиқ чемпиони UFC дар ду вазн ва яке аз варзишгарони хабарсоз Конор Макгрегор пас аз танаффуси зиёд эълон кард, ки дар вазни миёна баромад кардан мехоҳад.

Эълони баргаштан ба майдон дар ҳолест, ки ҳаводорони ин варзишгар дар расонаҳо доир ба баргаштану барнагаштанаш хабарҳои зиёд мегуфтанд.

Варзишгари ирландӣ соли гузашта охирин муҳорибаашро бо Дастин Поре доир намуда, дар он пояш шикаставу мағлуб шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Конор Макгрегор дар ташкилоти UFC дар се вазн — нимсабук, сабук ва ниммиёна баромад кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *