Воридоти мошинҳои барориши то соли 2013 манъ шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти мошинҳои соли бароришашон то 2013 ба ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуд.

Қарори мазкур ҳудуди пас аз ду моҳ, яъне шуруъ аз моҳи октябр амал мекунад. Гуфта мешавад, ки ин қарор барои таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо ба тасвиб расидааст.

Қарори мазкур нисбат ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон, автомобилҳои сабукрав, автомобилҳо барои интиқоли борҳо ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *