Тарбузу харбуза қиммат шуд. Чаро?

Тайи як ҳафтаи охир дар кишвар якбора нархи тарбузу харбуза боло рафт. Сокинон мегӯянд, ки қимати ин полезиҳо, ки дар фасли гармо талабот ба онҳо меафзояд, аз нархи гӯшт ҳам гаронтар шудааст…

Самариддин Камолиддинов омӯзгори яке аз литсейҳои техникии пойтахт аст. Мо ӯро дар бозори “Меҳргон” вохӯрдем, ки нархи тарбузу харбузаро мепурсид ва ноумед ба растаи дигар мерафт, то бар ивази 20 сомониаш як тарбуз харидорӣ кунад.

— Барои хона майда-чӯйда харидам. Дар дастам 20 сомонӣ монд, вале натавонистам як тарбузча барои набераҳо бихарам.

Ин суҳбати моро харидоре фаҳмида, гуфт:

— Ака, биё ба ҳамин 20 сомонӣ ман як тарбуз медиҳамат… Тарбузҳои ман аз 30 сомонӣ болоянд, лекин майлаш.

Воқеан, 10 рӯз қабл дар бозорҳои Душанбе бар ивази 10 сомонӣ ҳам тарбуз харидорӣ кардан имкон дошт, вале ҳоло нархи тарбуз аз 20 то 50 сомонӣ аст. Харбуза бошад, аз 40 ва 50 сомонӣ болотар нарх дорад.

Вале дар ин рӯзҳои гармои шадид сокинони кишвар роҳе надоранд, ҷуз ин ки маҳсулоти полезиро зиёдтар бихаранд.

“Дар савдогарон инсоф нест. Ман дирӯз аз Восеъ омадам. Дар он ҷо тарбуз 10 сомонӣ. Миёнаравҳо оварда дар Душанбе 30 сомонӣ мефурӯшанд, зеро медонанд, ки мардум мехаранд. Инсоф намондааст”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо бобои Ҳамза, ки ронанда аст.

Вале савдогарони бозор мегӯянд, ки аз сабаби кам шудани ҳосили полезӣ имсол нархи тарбузу харбуза афзоиш ёфт.

— Имсол ҳосилнокӣ назар ба соли гузашта камтар шуд, чунки баҳор хунук омад,- мегӯяд Равшан ном савдогари бозори “Меҳргон”.

Вале омори Вазорати кишоварзӣ баръакси гуфтаҳои ин савдогар аст. Ба иттилои ин ниҳод, содироти тарбузи барвақтии ҷумҳурӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар афзуда, ҳосил низ хуб арзёбӣ мешавад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имсол дар қиёс бо соли гузашта ҳосилнокӣ низ афзудааст.

“Сабаби афзоиши ҳосили тарбуз имсол мусоид омадани обу ҳаво буда, сифати он низ дар пайи истифодаи фанновариҳои ҷадид баланд рафтааст ва хариди он низ дар хориҷа хуб аст”,- гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли равон дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ дар майдони 18 ҳазору 582 гектар полезӣ кишт карда шудааст. Аз ин рақам 14 ҳазору 674 гектар ба тарбуз рост меояд, ки 1 ҳазору 305 гектари он бо ҳосилнокии миёнаи 306 сентнер ҷамъоварӣ шуда, ҳосили умумӣ 39 ҳазору 984 тоннаро ташкил додааст.

Аз ин бармеояд, ки айб дар обу ҳаво ва ҳосили тарбуз нест. Ҳамоно миёнаравон ва савдогарони бозор ба мардум ҷабр мекунанду касеро парвое нест…

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *