ДБССТ мехоҳад журналисти байналмилалӣ омода созад

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ихтисоси нав — «Рӯзномагири байналмилалӣ» ташкил шуд.
Қабули довталабон ба ин ихтисоси журналистика соли оянда роҳандозӣ мегардад.
Ректори донишгоҳи номбурда Убайдулло Асрорзода дар нишасти матбуотӣ, 4 — уми август гуфт, ки то соли оянда барои ин ихтисос тамоми шароити илмӣ — таълимӣ муҳайё хоҳад шуд.
«Ҳоло фурсати он расидааст, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ бештар муаррифӣ  шавад. Бинобар ин, бо дархости раёсати донишгоҳ барои таъсиси чанд ихтисоси муҳим, аз ҷумла  «Рӯзноманигори  байналмилалӣ» Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дод»,- иброз дошт ректор.
  Ёдовар мешавем, ки ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва чанд муассисаи олии дигар барои омода кардани мутахассисони соҳаи журналистика машғуланд. Аммо бо вуҷуди ин, норасоии кадрҳои  ҳирфаӣ  дар ин самт мушоҳида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *