Резаахбор: аз пирӯзии намояндаи Тоҷикистон то ҳакамии Кабиров

Намояндаи Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар намуди куштии тарзи озод, ки дар Владивостоки Федератсияи Русия баргузор гардид, дар вазни то 65 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

***

Дар Янгиободи Ўзбекистон Ҷоми кушоди ин кишвар дар намуди бокс баргузор шуд, ки дар он 6 музштзандухтари тоҷикистонӣ ширкат карданд. Инҳо Руҳафзо Ҳақназарова, Мижгона Самадова, Нигора Олимова, Меҳриноз Музаффарзода, Бибинишастамоҳ Холова ва Шоира Зулқайнарова буданд. Мижгона Самадова (57 кг), Бибинишастамоҳ Холова (60 кг) ва Шоира Зулқайнарова (66 кг) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

***

Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) бo далели мушкили раводид натавонист ба Маҷористон сафар кунад, аз ин рў, дар Hungary Masters 2023 иштирок карда наметавонад. Дар ин бора шабакаи «Варзиш» хабар медиҳад. Hungary Masters 2023 дар кишвари Маҷористон аз аз 4 то 6-уми август баргузор мешавад.

***

Доварон аз Тоҷикистон бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24-ро ҳакамӣ мекунанд. Насрулло Кабиров, рефери FIFA, бозии байни дастаҳои «Шарҷа» (АМА) ва «Башундара Кингс» (Бангладеш)-ро доварӣ мекунад. Довари дигар аз Тоҷикистон, рефери FIFA Гулмуроди Саъдуло довари марказии бозии плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 миёни бошгоҳҳои «Урава Ред Даймондс»-и Ҷопон ва барандаи ҷуфти «Ли Ман» (Ҳонгконг) — «Бали Юнайтед» (Сингапур) таъйин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *