Воридоти мошин ба Суғд кам шудааст
Соли гузашта ба шимолии Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 4 ҳазору 769 адад мошин ворид гардидааст, ки ин назар ба соли 2015 8 ҳазору 433 адад кам мебошад. Бино ба иттилои Раёсати гумрук дар вилояти Суғд аз миқдори умумии мошинҳои воридгардида 2800 ададаш нақлиёти сабукрав боқимонда нақлиёти боркашону тракторҳо мебошад.
Арзиши гумрукии воситаи нақлиёти воридгардида дар соли гузашта 34,3 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин низ назар ба ду соли қаблӣ тақрибан 48 миллион доллар кам гардидааст. Мақомоти гумрук яке аз сабабҳои кам ворид шудани воситаи нақлиётро ба бӯҳрони иқтисодӣ, носолимии қурби доллар ба сомонӣ ва боло рафтани арзиши гумрукӣ вобаста мекунад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ