Восеъ: Саволе, ки ҳаштум бор садо дод…
Дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода аз оби полезӣ танқисӣ кашидани деҳаҳои Навобод ва Боғи нав мавзуи меҳварӣ буд.
Тайи чанд соли охир нишасте нест, ки журналистон дар мавриди ин мушкилӣ суол накунанд. Ин бор ҳам ин суол садо дод. Раис посух дод, ки ин масъала бо роҳандозии лоиҳае ҳалли худро хоҳад ёфт. То соли дигар дунё ба умед гуфтанд.
Дар пресс-релизи раиси ноҳия омадааст, ки дар ҷамъбасти соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 175,7 миллион сомонӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 1 милиарду 510 миллион сомонӣ, ҳаҷми умумии гардиши мол 504 миллион сомонӣ, ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ 116,5 миллион сомониро ташкил дод. Лекин ба буҷет 51,6 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.
Як чизи дигари таассуфангез ин аст, ки дар нишастҳо аксар масъулин ширкат намеварзанд. Масалан, хабарнигорон ба директорҳои литсейи касбӣ-техникии №16, коллеҷи ғайридавлатии тиббии ноҳия саволҳои зиёде доштанд. Сад афсӯс, ки онҳо ба мисли нишастҳои гузашта ширкат надоштанд.
Нурулло ҲАСАНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ