Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон зиёд шуд

Вуруди сайёҳони хориҷӣ дар зарфи 6 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 беш аз 34% афзудааст.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 628 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омадаанд.

“Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ин нишондиҳанда 181 ҳазору 867 нафар зиёдтар аст. Аз ин 487 ҳазору 403 нафарашон сайёҳон мебошанд, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 124 ҳазор нафар ё худ 34,2% зиёдтар мебошад. Ҳудуди 34 ҳазор нафар аз кишварҳои хориҷи дур ва боқимонда зиёда аз 453 ҳазор нафар аз кишварҳои ИДМ омадаанд”,- хабар дод Муминзод.

Ба панҷгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зиёдтар ба Тоҷикистон омадаанд, Ӯзбекистон — 368 ҳазор нафар, Русия — ҳудуди 65 ҳазор, Қазоқистон, Туркия ва Чин шомил шудаанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфт, ки мувофиқи ҳисобҳо, ҳар як сайёҳ ҳамарӯза дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 200-250 доллар сарф мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *