Wi-Fi-и ройгон дар Душанбе
Имрӯз дар чанде аз боғу марказҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе, нақлиёти ҷамъиятӣ метавон аз интернети ройгон тариқи Wi-Fi истифода намуд. Аммо дар куҷо ва чӣ гуна имкони пайвастшавӣ ба Wi-Fi-и ройгон ҳаст?
«Вавилон-Т»
Ширкати мазкур дар боғҳои “Наврӯзгоҳ”, “Нишони давлатӣ”, “Парчами миллӣ” нуқтаҳои бепули Wi-Fi-ро пешниҳод мекунад. Ҳамчунин, ширкат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, маркази савдои “Ашан” ва бинои Иттифоқи нависандагон чунин нуқтаҳоро роҳандозӣ намудааст.
Дар ҳар кадоме аз нуқтаҳо ширкат суръати 100 мбит/с ба вақти бемаҳдудият пешниҳод мекунад.
Барои дастрасӣ пайдо намудан ба нуқтаҳои ширкат дар дастгоҳе, ки Wi-Fi дар он кор мекунад, интихоби «Вавилон-Т» лозим аст. Ба ҷойи рамз (парол) рақами телефони худро ворид менамоед, ки ба он коди дастрасӣ меояд. Мутаассифона, дар нақлиёти ҷамъиятӣ Wi-Fi-и «Вавилон-Т» мавҷуд нест.
Tcell
Tcell Wi-Fi-и худро дар боғҳои «Куруши Кабир», «Ҷавонон» ва «Умари Хайем» насб кардааст. Ҳамчунин, ба нуқтаи дастрасӣ дар марказҳои хидматрасонии Рӯдакӣ-9, Гулистон, Саховат, Садбарг, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, 9 км пайваст шудан имкон дорад. Чунин нуқтаҳои дастрасӣ дар автобусҳои №№3, 8 ва 18 низ амал мекунанд.
Дар ин нуқтаҳо ҳар рӯз метавон дар муддати 20 дақиқа аз интернет истифода кард.
«Мегафон Тоҷикистон»
Минтақаи «MegaFon Green Wi-Fi» дар Душанбе дар боғҳои «Боғи Рӯдакӣ», «Куруши Кабир», «Кӯли ҷавонон», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Фирдавсӣ» кор мекунад. Ғайр аз ин, дар мавсими гармо дар “Кӯли Душанбе” — бузургтарин маҷмааи фароғатии обӣ Wi-Fi-минтақаи муваққатӣ фаъол мешавад.
Ба ин боғҳо бо автобусҳои №№8, 3, 43, 2, 4 рафтан мумкин аст, ки дар онҳо ҳам Wi-Fi кор мекунад.
Шакли истифодаи «Green Wi-Fi»-ро худи муштарӣ интихоб мекунад. Ҳар 12 соат 10 дақиқа дастрасӣ ба шабака бепул аст. Агар ин кам бошад, метавон яке аз се бастаҳои пулакиро пайваст кард. Муҳлати амали онҳо — 10, 30 ё 60 дақиқа ва нархаш мутаносибан — 1, 2 ва 3 сомонӣ аст. Дар Wi-Fi-минтақаҳои МегаФон маҳдудият оид ба трафик пешбинӣ нашудааст.
Ба назар бояд гирифт, ки дастрасӣ ба Wi-Fi аз ширкат танҳо баъди анҷоми расмиёти ҳатмии сабти муаллифӣ имконпазир аст. Зимни пайваст шудан ба интернет қабули созишномаи корбарӣ, ворид кардани рақам ва коди бо SMS ирсолшуда лозим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ