Исмоил Маҳмадзоир

Даъвати Исмоил Маҳмадзоир аз Тошиҳиро Аики

Дирӯз, 26-уми январ мулоқоти раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва Сафири Фавқулодаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики баргузор гардидааст.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҷонибҳо имконоти рушди варзиши ҷудо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Таъкид шудааст, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ 5 маркази олимпии ҷудо бунёд кунад. Ҳамзамон, музокирот барои бастани қарордод бо мутахассисони ҷудои ҷопонӣ барои омодагии тими миллии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва Лос-Анҷелеси соли 2028 идома дорад.

— Ҷаноби сафир Тошиҳиро Аики ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба таблиғи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии ҷудо нигаронида шудаанд, изҳори боварӣ намуд. Ҳамчунин, нақшаҳои федератсия оид ба баргузории Гран-при Душанбе дар доираи сафари ҷаҳонии ҷудо бо дастгирии бевоситаи Рустами Эмомалӣ, инчунин ҷорӣ намудани ҷудо дар мактабҳо ва тарғиби ҷудо миёни занон баён гардид,- меафзояд манбаъ.

Зимни вохӯрӣ президенти федератсия Исмоил Маҳмадзоир аз ҷаноби Тошиҳиро Аики даъват намудааст, то аз Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 11-12-уми феврали соли 2023 баргузор мешавад, дидан намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *