Имомудин Сатторов

Сатторов дар китоби меҳмонони фахрии Эрфурт соядаст гузошт

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов аз музофоти федеролии Тюрингия боздиди корӣ анҷом додааст.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, дар доираи сафари худ сафир бо сарвазири музофоти федеролӣ Бодо Рамелов мулоқот кардааст. Дар меҳвари гуфтугӯ тақвияти равобити минбаъда миёни Тоҷикистон ва Тюрингия, бахусус дар бахшҳои иқтисод ва маориф қарор доштааст.

— Дар идомаи боздид сафири Тоҷикистонро шаҳрдори Эрфурт (пойтахти Тюрингия) Андреас Баузевайн ба ҳузур пазируфт. Баъд аз гузоштани соядаст дар китоби меҳмонони фахрӣ сафир ва шаҳрдори Эрфурт роҷеъ ба ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор анҷом доданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки мулоқоти дигар бо мудири иҷроияи Агентии давлатии рушди Тюрингия (LEG Thüringen) Андреас Крей баргузор гардидааст. Зимни вохӯрӣ имкониятҳои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла ҷалби сармояи олмонӣ ва танзими чорабиниҳои муштараки тиҷоратӣ дар марҳилаҳои баъдӣ баррасӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *