пул

Зани қаллоб. Мардум аз ӯ шикоят доранд (аудио)

Як зани 36-сола аз ноҳияи А. Ҷомӣ аз як сокини ноҳияи Ёвон 91 ҳазор сомонӣ гирифта, барнагардонидааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ӯ моҳи июли соли 2022 худро корманди фонди хайриявӣ муаррифӣ карда, ба ҷабрдида, ки маъюб мебошад, ваъда додааст, ки ба ин маблағ аз шаҳри Душанбе хона гирифта медиҳад.

Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ ба ин монанд ду хабареро нашр карда буд, ки айнан як зани қаллоб аз онҳо дар ҳаҷми калон маблағ гирифта, ваъда додааст, ки хона гирифта медиҳад. Фарқият он аст, ки дар хабарҳои пештара аз он зан 35-сола ёд шуда буд.

Ин ниҳод то ҳол кӣ будани шахсияти ӯро расонаӣ накардааст. Вазорат тафтишотро идома медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *