Дар Покистон таҷовузгаронро ахта мекунанд, дар мо чӣ?

Вакилони парлумони Покистон қонуни нави зидди таҷовуз ба номусро тасвиб карданд, ки бар асоси он, минбаъд таҷовузгарон дар ин кишвар ахта карда мешаванд

Дар Покистон минбаъд таҷовузгарони занону кӯдаконро ахта мекунанд, хабар медиҳад CNN.

Манбаъ менависад, ки ин тарҳ аллакай аз ҷониби вакилони парлумон тасвиб шудааст. Гуфта мешавад, дар робита ба афзун шудани мавориди озори ҷинсии занону кӯдакон дар ин кишвар эътирозҳои оммавӣ низ зиёде шуданд ва мардум талаби ҷазои созгор ба таҷовузгаронро намуданд.

Ҳоло Ҳукумати Покистон дар саросари кишвар додгоҳҳои вижаро таъсис медиҳад, то парвандаи таҷовузи ҷинсӣ дар кӯтоҳтарин муддат, дақиқтараш то 4 моҳ баррасӣ шавад.

Бар асоси қонуни нав, афроде, ки дар таҷовузи дастаҷамъӣ гунаҳкор дониста мешаванд, ба эъдом ё ҳабси абад маҳкум хоҳанд шуд. Маврид ба зикр аст, ки ахтаи кимиёӣ як ҷазои қонунӣ аст, ки дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия нисбати таҷовузгарон роҳандозӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳам пас аз қатлу таҷовузи Руфайдаи 8-сола аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди чунин ҷазо барои таҷовузгаронро намуда буданд.

Аммо таҷовузгар ҳукми абад гирифт!

Назари Шумо дар ин бора чист?Ахтакунӣ беҳтар ё ҳукми абад?

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. 800005365 20.11.2021 00:17

    Ман тарафдори харду чазо якчоя

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.