Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Донишҷӯёни тоҷикро аз Вуҳан ба Тоҷикистон меоранд

Шумораи шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вуҳани Чин 58 нафар мебошанд, ки дар давоми ду рӯзи дигар вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд. Ин нуқтаро Вазири тандурустӣ  Насим Олимзода рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт

Олимзода афзуд, ин донишҷӯён тариқи ҳавопаймо оварда мешаванд ва гуруҳҳои махсус барои пешвози ин донишҷӯён омода шудаанд. Вале гуфта нашуд, ки онҳо бо кадом хатсайр ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Аз Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки то имрӯз дар миёни 645 нафари аз Чин бозгашта, ягон ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус пурра омода шуда, дар ҳамаи 27 гузаргоҳи марзӣ назорати шабонарӯзӣ ҷорӣ шудааст.

Дар нишасти хабари Вазорати тандурустӣ хонум Галина Перфилева, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон низ иштирок дошт ва гуфт, барои мубориза бо коронавирус бо мақомоти тоҷик ҳамкорӣ доранд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.