Президенти Қирғизистон: Супориш додам,ки оташ накушоянд

Президенти Қирғизистон Сооронбай Ҷеенбеков гуфт, ки дар кишвар кӯшиши ғасби ғайриқонунӣ ба даст овардани қудрат ба амал омад.

«Шаби гузашта баъзе нерӯҳои сиёсӣ кӯшиш карданд, ки қудратро ғайриқонунӣ тасарруф кунанд. Натиҷаҳои интихоботро баҳона карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карданд», — гуфт ӯ дар изҳорот.

Президент таъкид кард, ки фармон додааст, ки оташ накушоянд.
«Ман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амр додам, ки оташ накушоянд ва хун нарезанд, то ҳаёти ягон шаҳрванд зери хатар намонад. То ҳол мо тамоми чораҳоро андешидаем, то шиддат гирифтани вазъро пешгирӣ кунем. Оромӣ дар давлат, суботи ҷомеа аз ҳама гуна мандати вакилӣ арзишмандтар аст.» гуфт Жээнбеков.

Эътирозгарон, ба гуфтаи ӯ, «зиндагии осоиштаи сокинони шаҳрро вайрон карданд»: онҳо ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат накарданд, табибонро латукӯб карданд ва ба биноҳо осеб расонданд.
Сарвари давлат қайд кард, ки ӯ ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод кардааст, ки қонуншиканиҳоро дар интихобот тафтиш кунад ва дар ҳолати зарурӣ натиҷаҳои онро бекор кунад. Вай ба роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ муроҷиат кард, ки тарафдоронашро ором кунанд ва аз тамоми сокинони кишвар сулҳро ҳифз кунанд ва ба иғвоҳо дода нашаванд.

«Сулҳу осоиштагии кишвари мо ва амнияти ҷомеаи мо чизҳои аз ҳама муҳим мебошанд. Ман тамоми нерӯҳоро даъват мекунам, ки тақдири кишварро аз ғаразҳои сиёсӣ боло гузошта, ба марзи ҳуқуқӣ баргарданд», — хулоса кардааст сарвари давлат.

Дар ҳамин ҳол, иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Қирғизистон Алмамбет Шикмаматов гуфтааст, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ бекор карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *