Падари садсолаи Сафар Абдуллоҳ даргузашт

Абдуллоҳи Сафар падари 100-солаи адабиётшиноси маъруф Сафар Абдулло аз олам даргузашт. Марҳум яке аз шахсиятҳои боборӯ ва таъсиргузори водии Зарафшон буд.

Ба гуфти пайвандонаш Абдуллои Сафар бо вуҷуди он ки синнаш аз сад гузашта буд то ба ин авохир бардаму солим буда, тайи ду ҳафтаи фишори мағзи сар ӯро ба бистари беморӣ кашид. Профессор Сафар Абдулло дар рӯзҳои бемории падар ду шеъри таъсиргузор иншо кард, ки онро пешкаши шумо мегардонем.

НИЁИШЕ АЗ НОМИ МАНУ БАРОДАРОНАМ

Чароғи дида, ёри ғор, додо
Шукӯҳи хона, дунёдор, додо
Дил оташдону чашмам хонаи абр
Сар аз болини худ бардор, додо!

Дар ин ғурбат, ғами бисёр, бе ту
Тамоми роҳҳо девор, бе ту
Ту онҷо, рӯи тахти дардҳойӣ
Ман инҷо дидаи хунбор, бе ту

Сутуни хонадонам дардманд аст
Сукути дил ғамоҳанги баланд аст
Дар ин ғурбатсаро, бе рӯи некат
Тамоми лаҳзаҳоям нописанд аст!

Худоё, бар ду чашмонаш зиё деҳ
Ба ҷисми хастааш шӯру сафо деҳ
Ҳамин чашму дилу рӯҳи маро гир
Бар Ӯ бахшу азизамро шифо деҳ

Азизи дидагон аз ман ҷудо аст
Наям пешаш, ду чашмам бесафо аст
Азизонам, дилам лабрези ғусса
Падар имрӯз муҳтоҷи дуо аст

ДИЛАМ ТАНГ АСТ…

Дилам танг аст, чун шамъи дарунсӯз
Падар бемору дилтангам шабу рӯз
Ки ҳар соле ба дидораш мушарраф
Будам,аммо натонистам ман ин рӯз
Чу аз наҳси Куруно роҳ баста
Худоё ёриам кун, роҳам афрӯз.
Ту коре кун, дубора ишқ ояд
Равад аз мо, балои хонумонсӯз
Ту коре кун ки баргардад амонӣ
Ки маҳву гум шавад ин дарди мармӯз
Ту ҳифзаш кун ба дидораш расонам,
Ки бе дидори ӯ ҳастам ҷигарсӯз
Падар аз ъишқи ту лабрез ҳастам,
Ту маънои баҳорӣ, иди Наврӯз
Саховат, рост гуфтан, рост рафтан,
Ту мегуфтӣ, ки доим дониш андӯз!
Падарҷонам, ало устураи ман
Ту устодиву ман ҳам донишомӯз
Худоё, лутф кун, бар ӯ шифо деҳ
Ки то гардад ба дарди хеш пирӯз!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *