Муаллими машҳур Азизов ҳам вафот кард

Абдулҳафиз Азизов, яке аз машҳуртарин аз омӯзгорони тоҷик, рӯзи 6 октябр, ҳамагӣ ду моҳ қабл аз 70-солагиаш аз олам чашм пӯшид.

Ба гуфтаи наздиконаш, муаллим Азизов чандин сол боз аз бемории қанд азият мекашид ва як пояшро ба ин далел ҷарроҳӣ карда буданд.Абдулҳафиз Азизов 2 декабри соли 1950 дар деҳаи Сурх ба дунё омада, аз фанни химия дарс мегуфт. Муаллим Азизов солҳои 1972-1991 дар мактаби №29 аз химия дарс мегуфт ва аз соли 1992 мудири литсейи №1-и шаҳри Исфара буд, ки ҳамчун мактаби Азизов ном баровардааст.

Муаллим Азизов бо он машҳур буд, ки аксари шогирдонаш дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби медалҳои тило мешуданд ва ба беҳтарин донишгоҳҳои вақти Шӯравӣ ва баъди кушода шудани марзҳо, ба маъруфтарин мактабҳои олии дунё дохил мешуданд. Нақл мекунанд, ки муаллим Азизов дар вақташ то даме ки охирин шогирдаш ба мактаби олӣ дохил нашавад, ба Исфара барнамегашт, дар Душанбе меистод, барои ҳар шогирдаш мухлисӣ мекард, месӯхт, ҷаҳду талош мекард.Муаллим Азизов сазовори унвонҳои Корманди шоистаи ҶТ (1999), Муаллими соли 1992-и ҶТ, Аълочии маорифи ҶТ (1984), Аълочии маорифи СССР (1987) буда, хидматҳояш бо ордени «Нишони Фахрӣ», ифтихорномаҳои шӯъбаи сибирии АИ СССР, Ҷамъияти умумииттифоқии химикон, Вазорати маорифи ҶТ қадр шудаанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *