Прокурори генералӣ аз вазифа рафт

Аз дафтари матбуоти Президенти Ӯзбекистон хабар расид, ки имрӯз, 20 июн Отабек Муродов аз мақоми Прокурори генералӣ барканор шудааст.

Аз дафтари матбуоти Президенти Ӯзбекистон хабар расид, ки имрӯз, 20 июн Отабек Муродов аз мақоми Прокурори генералӣ барканор шудааст.

Отабек Муродов дар моҳи январи соли 2018 ба курсии Прокурори генералии Ӯзбекистон нишаста буд.

Сабабҳои барканории ӯ рӯшан нест. Аммо 6 моҳе қабл Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи ҳукумат аз Отабек Муродов шадидан интиқод карда буд.

“Гӯш кун, прокурор, агар сатҳи ҷиноят паст нашавад, туро прокурори Бойсун таъйин мекунам. Ба бадарға меравӣ”-гуфта буд Президент Мирзиёев.

Зимнан, имрӯз Президенти Ӯзбекистон Неъматулло Юлдошев, раиси Сенати Ӯзбекистонро Прокурори генералӣ таъйин кард.

Неъматулло Юлдошеви 57-сола зодаи шаҳри Тошкент буда, донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошкентро хатм кардааст.

Ӯ дар солҳои 1987-2011 дар системаи прокуратура дар вазифаҳои гуногун фаъолият карда ва дар солҳои 2008-2011 муовини Прокурори генералӣ буд.

Неъматулло Юлдошев аз соли 2011 то 2015 вазифаи вазири адлияро ба ӯҳда дошта ва рӯзи 22 январи соли 2015 раиси Сенат интихоб гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *