Яҳудиёни Хуҷанд. Аз онҳо фақат гӯристон мерос мондааст
Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 1927 дар Хуҷанд 75 оилаи яҳудиён зиндагӣ доштанд. Шумораи онҳо ба 380-400 нафар мерасид. Яҳудиён асосан дар маҳаллаҳои шафати Панҷшанбе сукунат доштанд.
Яҳудиён дар Хуҷанд аз соли 1868 сукунат ихтиёр карда, то фурӯпошии Шӯравӣ шумори оилаҳояшон ба 1000 расид. Яҳудиён дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мекарданд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 нафар омӯзгорони мактабҳои миёна, 4-5 нафар духтурон, дар шаҳри Хуҷанд 1-2 нафар кормандони прокуратураи шаҳр, 36-40 нафар дар дӯконҳои мӯйсаргирӣ, 5-6 нафар суратгир, 6 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд ва боқимондаи он бо касби заргарӣ, дандонсозию сохтани асбобҳои ороишии занону духтарон хидмат мекарданд.
Педагог Н. К. Давидов, Н. Давидов, А. М. Михайлов, Д. М. Шпринберг — декани факултаи забонҳои хориҷӣ, Р. Бадалова — номзади илми кимиё, Мишеев А., Маталов, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Б. Ғафуров Хаимов Н. ва хоҳари ӯ Хаимова А., директори мактаби №5-и шаҳри Хуҷанд ва муаллимаи забон ва адабиёти мактаби миёнаи №20-и шаҳри Хуҷанд, духтур — стоматолог, дандонсоз Закинов, И. Е. Михайлов — духтури гӯшу бинию гулӯ — ҷарроҳ кор мекарданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо ба Ватани бобоияшон — Исроил, ИМА, Италия, Канада ва ба дигар давлатҳо кӯч бастаанд. Охирин яҳудии Хуҷанд Ҷӯра Абаев буд, ки моҳи январи соли 2021 аз олам даргузашт. Аз онҳо як қабристон ба ёдгор мондааст.
С. ХУДОЙБЕРДИЕВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ