Роза Отунбоева бо Толибон чӣ гуфт?

Роза Отунбоева, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар масоили Афғонистон, дар аввалин дидори худ бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ дар масоили эътимодсозӣ, системаи бонкӣ ва омӯзиш барои ҳама, бахусус духтарон баҳсу гуфтугӯ намудааст.

Дар ин бора Ҳайати муовинони СММ (UNAMA) дар масоили Афғонистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Роза Отунбоева ва Амирхон Муттақӣ бо вуҷуди тафовути назарҳо ба зарурати наздиктар сохтани Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири афғонҳо тавофуқ намудаанд.

Ҳамчунин, Роза Отунбоева бо Мавлавӣ Абдулкарим, муовини Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон мулоқот намуда, дар мавриди ҳуқуқи расонаҳо, омӯзиши духтарон, ҳукуматдорӣ, саҳми ҳаётии ҳамаи афғонҳо, аз ҷумла занон дар бозсозии Афғонистон гуфтугӯ намудааст.

Фиристодаи СММ барои Афғонистон бо Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дигари Охундзода дар робита ба масоили кумакҳои байналмилалӣ, маводи мухаддир ва аҳамияти омӯзиши духтарон суҳбат кардааст.

Гуфтан бамаврид аст, ки Роза Отунбоева, фиристодаи вижаи СММ дар Афғонистон қаблан дар маснади президенти Қирғизистон фаъолият карда, муддате ҳукумати гузори ин кишварро роҳбарӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *