Посдори ҳувияти тоҷикӣ. Ё бардоште аз суҳбат бо набераи Мирзо Муҳиддин Мансуров

Шиносои вуҷуди хештан шав,

Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав.

Соли 2019 дар шаҳри Тошканд меҳмони хонадони Маҳбуба Муҳиддинова гардидам. Маҳбуба Муҳиддинова набераи Мирзо Муҳиддин Мансуров буда, айни ҳол дар шаҳри Тошканд зиндагӣ мекунанд. Эшон бонуи хоксор ва равшанзамир буда, аз адабиёти тоҷик огоҳии комил доранд.

Боре ба эшон савол додам, ки пайвандони шумо дар таъсиси аввалин рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар Бухоро чӣ нақш гузоштанд? Эшон чунин посух доданд: “Бобоям Мирзо Муҳиддин Мансуров ва падарам  Абдуқодир Муҳиддинов аз зумраи равшанфикорони Бухоро буданд. Дар манзили мо китобхонае буд, ки дар он 7000 китобҳои дастнавис ва рӯзномаҳои дохил ва хориҷи кишвар мавҷуданд. Бобоям тамоми дороияшро ба пешрафти мактабу маориф бахшидаанд. Хусусан дар нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои дарсӣ саҳим буданд. Хидмати бобоям дар таъсис ва нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» хеле калон аст. Ин рӯзномаро хеле дӯст медоштанд. Ҳар боре ба утоқи кориашон медаромадам, дар рӯйи мизи корашон шумораҳои ин рӯзномаро медидам. Ҳамеша ин рӯзномаро мутолиа мекарданд. Айни замон дар манзили ман 87 шумораи ин рӯзнома мавҷуд аст, ки ҳар яки онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медорам”.

Муносибати Маҳбуба Муҳиддинова ба нахустрӯзномаи тоҷикӣ ва умуман адабиёту фарҳанги миллӣ далели аҳли маърифату хирад будани ин бонуи ҳушманд аст. Зеро посдории ҳувияти тоҷикӣ ва нигоҳ доштани асолати миллӣ рисолати муҳими ин хонадон мебошад.

Бахтовар ТЕМИРЗОДА, муаррих

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *