Яҳё Синвор роҳбари нави Ҳамос

Яҳё Синвор роҳбари сиёсии ҲАМОС — гурӯҳи фаластиние, ки зидди Исроил меҷангад, таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Исмоил Ҳанияро, ки чанд рӯз қабл дар Теҳрон дар пайи як ҳамлаи террористӣ кушта шуд, иваз намуд. 

Ба иттилои Reuters, Яҳё Синвор яке аз чеҳраҳои калидӣ дар ҲАМОС аст. Мақомоти Исроил ӯро созмондиҳандаи ҳамлаи рӯзи 7-уми октябри соли 2023 медонад. Ин ҳамла боис шуд, ки Исроил ба навори Ғазза ҳамла карду Фаластин шуд, ки то имрӯз идома дорад ва боиси марги даҳҳо ҳазор фаластинӣ гардид. 

Гуфта мешавад, ки Яҳё Синвор пас аз ҳамла ба Исроил дар Ғазза пинҳон шудааст. Артиши Исроил ӯро барои нобуд кардан меҷӯяд, вале то ба имрӯз муваффақ нашудааст. 

Яҳё Синвори 61-сола дар урдугоҳи паноҳандагон дар шаҳри Хон Юниси ҷанубии Ғазза ба дунё омадааст. Дар соли 2017 ӯ раҳбари ҲАМОС дар навори Ғазза интихоб шуд ва дар миёни фаластиниҳо ҳамчун як душмани бераҳм ва оштинопазири Исроил нуфуз пайдо кард. Ӯ нисфи умрашро дар зиндонҳои Исроил сипарӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *