Як акси нодири Мирзо Турсунзода
Як акси нодир аз оршиви шахсии бародари гиромии мо Саттор Джалилов, собиқадори матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон, ки дар он устод Мирзо Турсунзода (02.05.1911-24.09.1977), Қаҳрамони Тоҷикистон (аз рост нафари аввал) тасвир ёфта.
Дар ин акс Ҷалил Шафиев, бобои Саттор Ҷалилов дар мобайн нишаста ва ҷавоне, ки дар самти чапи акс мебинед, Усмон Қурбонов, падари зиндаёд Суҳроб Қурбонов, наққоши маъруфи тоҷик аст.
Усмон Қурбонов аз даҳаи 1930-и қарни бист то поёни умр дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла вазири хидмати маишии ҷумҳурӣ кор карда ва дар рушди ин соҳа саҳми босазое гузошта.
Дарвоқеъ, Усмон Қурбонов яке аз ҷавононе буд, ки дар солҳои 20-уми қарни бист бо ҳамроҳии устод Мирзо Турсунзода савор бар аробаи Ҳасан барои таҳсил ба шаҳри Тошканд сафар кардааст, ҳамон Ҳасане, ки баъдтар қаҳрамони марказии достони «Ҳасани аробакаш»-и устод Турсунзода шуд. Таърихи ин акс эҳтимолан солҳои 1926-1927 бошад, замоне ки устод Мирзо Турсунзода 15-16 сол доштанд.
Суҳроби ЗИЁ,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ