Як асри Тоҷикистон. Воқеияти таърихӣ ва сиёсӣ
Давраи Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳар ҷониб таъсири муайяни худро гузошт. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ навгониҳои зиёде, ки дар раванди ҳаёти ҷомеа ба вуҷуд омад, дар ҳақиқат беназир аст. Албатта, ин навгониҳо паёмадҳои мусбат ва манфии худро доштанд, аммо нуктаи аз ҳама муҳимаш дар он ифода мешавад, ки маҳз дар ҳамин давра барои бунёди давлате бо исми Тоҷикистон замина гузошта шуд.
Вилоят ё ҷумҳурӣ?
Масъалаи сохтори сиёсӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҳудудии Тоҷикистон аз соли 1919 то баҳори соли 1924 ҳаллу фасли худро ёфта, ба давраи таъсисёбии амалӣ расида буд, ки онро дар доираи қонун ба расмият даровардан лозим буд.
Моҳи майи соли 1924 КИМ Бухоро дар бораи «Шӯрокунонии Бухорои Шарқӣ қарор баровард. Дар асоси ин қарор 7-уми июни соли 1924 Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ барҳам дода шуда, ба ҷойи он КИМ Бухорои Шарқӣ дар ҳайати 19 нафар аъзо ва 7 нафар сарраёсати Президиуми он таъсис ёфт. КИМ Бухорои Шарқӣ аз шуъбаҳои ташкилӣ, маъмурӣ, коммуналии маориф, зироат, машварати иқтисодӣ ва шӯрои қозиён иборат буд. Яъне то тақсимот ҳудудҳои Бухорои Шарқӣ ҳамчун ҳудудҳои маъмурӣ бо мақомоти идорию маъмурӣ, иқтисодию сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ташаккул ёфта буд.
Ҳамин тавр, аз соли 1919 то баҳори соли 1924 масъалаи сохтори сиёсӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҳудудии Тоҷикистон ҳаллу фасли худро ёфта, ба давраи таъсисёбии амалӣ расида буд ва онро дар доираи қонун ба расмият даровардан лозим буд.
Бо ин мақсад аз 1 то 5-уми сентябри соли 1924 дар Душанбе Анҷумани 1-уми намояндагони халқи Бухорои Шарқӣ гузашт, ки органи олии Бухорои Шарқӣ буд. Анҷуман КИМ Бухорои Шарқӣ, Президиуми онро интихоб мекард. Раиси Президиуми КИМ Бухорои Шарқӣ Нусратулло Махсум интихоб гардид.
Сохтори сиёсӣ, маъмурӣ ва ҳудудии Бухорои Шарқӣ аввалан асоси ҶШС Тоҷикистон гардид. Мақомот тақсимоти соли 1924-ро ба расмият даровард. 16-уми сентябри соли 1924 сессияи фавқулодаи Туркистон, 20 ва 29-уми сентябри соли 1924 анҷуманҳои Умумибухороӣ ва Умумихоразмӣ розигии худро дар бораи тақсимоти миллӣ — маъмурӣ доданд. Барои гузаронидани ин тақсимот аз намояндагони ҷумҳуриҳо ва вилоятҳои нав таъсисёфта Комиссияи ҳудҷудокунии марказӣ таъсис ёфт.
Ба ин комиссия Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲКУ роҳбарӣ мекард. Ин комиссия ба ҷудокунии сарҳадҳои миллии нав ташкилёфта машѓул буд. Комиссияи мазкур инчунин ба тақсимоти чизу чора, захираҳои иқтисодӣ ҳам машѓул буд. Санаи 11-уми октябри соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲКУ (б) баромади раиси комиссари Бюрои сиёсии КМ ҲКУ (б) В. В. Куйбишевро дар бораи тақсимоти миллии Осиёи Миёна шунида, муҳокима намуд. Баъд аз ин, лоиҳаи тақсимоти ҳудудӣ ва молу амволро байни ҷумҳуриҳову вилоятҳо тасдиқ кард. Бюрои сиёсӣ дар асоси баромади Куйбишев ва мактубу номаҳои халқи тоҷик зарурияти таъсиси ҶМШС Тоҷикистонро дар ҳайати ҶШС Ўзбекистон пазируфт. Ин нишондоди асосии қарори 14-уми октябри соли 1924 гардид.
Санаи 14-уми октябри соли 1924 сессияи 2-юми Комитети Иҷроияи Марказии умумииттифоқӣ масъалаи тақсимоти Осиёи Миёнаро муҳокима намуда, қарори КИМ ҶМШС Тоҷикистонро дар бораи аз ҳайати ҶСФСР баромадан муҳокима намуда, тасдиқ кард. Инчунин, доир ба тақдири халқи тоҷик қарори зеринро дар асоси иҷро намудани изҳороти хоҳиши оммаи коргарон ва деҳқонони халқи тоҷик ба халқи тоҷик, ҳуқуқи аз ҳайати ҶМШС Туркистон баромадан ва таъсис додани ҶМШС Тоҷикистонро дар ҳайати ҶШС Ўзбекистон қабул кард. Чи тавре дида шуд, то рўзи ин қарор сухан фақат дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон мерафт. Маҳз сессияи КИМУ воҳиди вилояти мухторро ба ҷумҳурии мухтор иваз кард. 27-уми октябри соли 1924 КИМ ИҶШС бо қарори худ хоҳиши ҳукуматҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразмро дар бораи тақсимот ва қарори сессияи КИМУ аз 14-уми октябри соли 1924 дар бораи таъсис ёфтани ҶМШС Тоҷикистон тасдиқ кард ва ин қарорҳо ҳукми қонунро гирифтанд. Яъне рўзи эълон гардидани ҶМШС Тоҷикистон 14-уми октябр буда, қонунӣ гардидани он 27-уми октябр аст.
Тақсимоти ноадолатона
Тоҷикистони мухтор аз ҳисоби ноҳияҳои Истаравшан, Ѓончӣ, Шаҳристон, Айнӣ ва Панҷакенти ҶМШС Тоҷикистон ва вилоятҳои Сари Осиё, Душанбе, Қўрѓонтеппа, Кўлоб ва Ѓарми Бухорои Шарқии ҶХШ Бухоро таъсис ёфт. Ҳудуди Тоҷикистон 135620 км кв ва 739503 нафар аҳолиро ташкил медод. Баъдтар декабри соли 1924 ба ҳайати Тоҷикистон округи Помир ҳамроҳ карда шуд, ки аз 2-юми январи соли 1925 ба вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил ёфт.
Барои тоҷикон аҳамияти аз ҳама калонтарини тақсимоти миллӣ-маъмурии соли 1924 ин, пеш аз ҳама, ташкил ёфтани давлати миллии тоҷикон буд. Тоҷикро соҳибдавлат гардонд. Бо ин васила истиқлоли нисбии тоҷикон дар фазои Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид. Вале аз тарафи дигар ин тақсимот парешонии халқи тоҷикро боз зиёдтар намуд.
Аз ин лиҳоз, ки тақсимот нисбати тоҷикон ноадолатона баргузор шуд, дар ҷараёни тақсимот бо таъсири қувваҳои туркгаро бештари қарорҳо ба нафъи тоҷикон татбиқ нашуд. Дар он айём аксари нафароне, ки дар вазифаҳои масъул адои вазифа менамуданд, бахусус дар ҶМШС Туркистон ва ҶХШ Бухоро пойбанди андешаҳои туркпарастон буданд. Аз ин сабаб ҳамеша майл ба авлавият додан ба манфиати турктаборҳо намуда, дар ин ҷода ҳуқуқу манфиатҳои тоҷикон поймол мегардид. Бинобар ин, мо мебинем, ки дар рафти тақсимот баъзе аз шаҳрҳои тоҷикнишин аз қаламрави Тоҷикистони навтаъсис берун монд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи тақсимоти миллӣ-маъмурии соли 1924 имконияти ҳудудии таъсис додани ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ба вуҷуд омад.
Ҳукумати муваққат
Рўзи 26-уми ноябри сли 1924 КИМ ҶШС Ўзбекистон Комитети Инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод. Ба ҳайати Президиуми Комитети Инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳукумати муваққати ҷумҳурӣ то тайёр кардан ва гузаронидани анҷумани муассисони Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум (раис), Д. Додобоев, Р. Бобоҷонов, А. Ёрмаҳмадов, Ш. Шоҳтемур, А. М. Дяков ва дигарон дохил буданд.
Комитети Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон 7-уми декабри соли 1924 бо муроҷиатнома ба меҳнаткашони Тоҷикистон баромад карда, дар он таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон ва вазифаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти худро эълон дошт, ҳамзамон барномаи барқарор кардани хоҷагии халқ, инкишофи фарҳанг, тамоман барҳам додани босмачигариро пешниҳод кард.
Вазифаҳои асосии иқтисодии ҶМШС Тоҷикистон дар солҳои 1924-1929 ин, пеш аз ҳама, барқарор намуди хоҷагии халқи аз ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида ва ҳамчунин дар як вақт сохтмони ҷамъияти нави иқтисодии шӯравӣ буд. Ин масоили номбаршуда ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ — иқтисодӣ ва маданиро талаб мекард. Дар ҳаёти сиёсӣ наздик кардан, бо омма гузаронидани маъракаҳои интихоботи милликунонии дастгоҳҳои идорӣ (тайёр кардани кадрҳои аппаратҳои идоравӣ, гузаронидани мулоқотҳои маъмурию сиёсат, аз ҷумла тақсимоти ҳудудӣ) ва ба шакли нави маъмурӣ — вилоятӣ, ноҳия, шӯроҳои деҳот ва шаҳру шаҳракҳо ҷудо шуданро талаб мекард.
Анҷумани якум
Аз соли 1918 сар карда, ташкилоти уездии ҳизбии Хуҷанд номи ташкилоти ҳизбии округро гирифт, чунки соли 1918 дар ҶМШС Тоҷикистон тақсимоти нави маъмурӣ гузаронида шуд, уездҳо ба округҳо табдил дода шуда буданд. Дар Помир аввалин ташкилоти ҳизбии ҲК тобистони соли 1921 аз ҳисоби аскарону отряди минтақавии Помир таъсис ёфта буд, ки он ҳам ба ҲК Туркистон дохил шуда буд. Дар ҳайати он намояндагони аҳолии маҳаллӣ кам буданд, ки К. Элчибеков, Х. Боқиев, С. Абдуллоев ва И. Исмоилов аз ҷумлаи онҳоянд. Фақат октябри соли 1924 ҳукумати ҷумҳурӣ дар Помир гурӯҳи номзадии ҲК таъсис дод, ки аз болои он ташкилоти ҳизбии сарҳадбонон назорат мекарданд.
Моҳи июли соли 1926 дар назди комитети инқилобии ҷумҳурӣ комиссияи ташкилӣ оид ба тайёрӣ дидан ва аз нав интихоб намудани Шӯроҳо ва гузаронидани анҷумани таъсиси шӯроҳо таъсис дода шуда буд. Ҷамъомади аввалини ин комиссия 30-юми июл баргузор карда шуд, дар он нақшаи кори комиссия, сохтори комисияҳои интихоботӣ тасдиқ карда шуда, гурўҳҳои махсус барои таҳияи масъалаҳои анҷумани ташкили шӯроҳо таъсис дода шуда буд. Инчунин, шумораи намояндагон аз ҳар як вилоят ба Анҷумани умумитоҷикистонии шӯроҳо муқаррар карда шуда буд.
Рўзи 8-уми августи ҳамон сол маҷлиси дуюми комиссияи ташкилот доир гардид, ки дар он тартиби кори анҷуман ҳаллу фасл гардид ва лоиҳаи қарори Комитети инқилобии ҷумҳурӣ аз 14-уми август «Дар бораи гузаштан ба ҳокимияти инқилобӣ» муҳокима ва маъқул дониста шуд. Ва ҳамон рўз комиссия дар бораи даъват кардани Анҷумани 1, таъсиси Шӯроҳо ва маъракаи интихоботӣ ба Шӯроҳои намояндагони коргарону деҳқонон аз поён то болоро эълон кард.
Масъалаи ҷорӣ ба анҷуман чандин бор дар маҷлисҳои Комитети Инқилобии ҷумҳурӣ ва Бюрои ташкилии ҲК (б) Ўзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон муҳокима шуда буданд. 26-уми октябр Президиуми Комитети Инқилобии ҷумҳурӣ рўзномаи кори Анҷумани 1 — Таъсиси Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистонро тасдиқ кард. Моҳи ноябр бошад, Пленуми 2-юми Бюрои ташкилии ҲК (б) Ўзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон ахбори комиссияи ташкилиро дар бораи гузаронидани анҷуман шунида, маъқул донист. Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикистон мувофиқи пешниҳодоти комиссияи ташкилӣ қарорҳои комитети Инқилобии ҷумҳурӣ ва нишондоди Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бояд аз 1 то 12-уми декабри соли 1926 дар Душанбе мегузашт.
Рўзномаи кории Анҷуманро борҳо муҳокима кардаву ба тартиб оварданд, ки он аз масъалаҳои зерин иборат буд:
Маърӯза дар бораи вазъияти байналхалқӣ ва дохилӣ (маърӯзачӣ Ф. Хоҷаев). Маърӯзаи ҳисоботии ҳукумат (маърӯзачии асосӣ Н. Махсум, маърӯзачии иловагӣ А. Муҳитдинов). Маърӯзаи ҳисоботии Комисариати Халқии маориф (маърӯзачӣ А. Алиев). Маърӯзаи Комиссариати Халқии тандурустӣ (маърӯзачӣ Ардатов). Барҳам додани босмачигарӣ (маърӯзачӣ Германиус). Натиҷа ва вазифаҳои сохтмони ҳарбӣ ва қисмҳои миллӣ дар Осиёи Миёна (маърӯзачӣ Авксентевский).
Интихоботи аъзои КИМ Умумитоҷикистонӣ. Интихоби намояндагон ба анҷумани Шӯроҳо КИМ ИҶШС.
Анҷуман кори худро аз 1-уми декабри соли 1926 дар бинои «Хонаи деҳқон», ки дар яке аз гўшаҳои «Боѓи маърифатӣ ва истироҳатии марказии шаҳри Душанбе» ҷойгир буд, оѓоз намуд. Дар анҷуман 336 намоянда аз ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок карданд. Дар қатори мардҳо 12 зан, аз ҷумла 4 нафарашон тоҷик (Муҳтарама Иброҳимова, ва Саида Закирова) 1 ӯзбек, 1 эронӣ ва 6 рус иштирок доштанд. Анҷуманро раиси Комитети Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум кушод.
Аъзои раёсат дар ҳайати 39 нафар интихоб карда шуда буд. Анҷуман ҳамагӣ 18 маҷлис гузаронида, 7 маърӯзаи рўзномаро шунида, қарорҳои дахлдор қабул кард. Анҷуман инчунин 69 намояндагонро ба анҷумани шӯроҳои ҶШС Ўзбекистон ва 6 намояндаро ба шӯрои миллатҳои назди КИМ ИҶШС интихоб намуданд. Дар кори анҷуман намояндагони ҷумҳуриҳои ҳамсояи шӯравӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию қисмҳои ҳарбӣ иштироки фаъолона доштанд. Анҷуман инчунин ҳайати шахсии даъвати якуми КИМ ҶМШС Тоҷикистонро дар ҳайати 97 аъзо ва 37 номзад ба аъзогии КИМ муайян ва интихоб кард.
Маҷлиси аввалини сессияи якуми КИМ ҶМШС Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1926 шуда гузашт. Дар маҷлиси рўзи аввали анҷуман дар бораи ташкил шудани ҶМШС Тоҷикистон декларатсия қабул гардид.
Анҷумани якуми муассисони шӯроҳои Тоҷикистон ба ҷои комитетҳои Инқилобӣ — Комитети Иҷроияи ҶМШС Тоҷикистонро интихоб намуд. Ба КИМ Тоҷикистон супорида шуд, ки дар асоси Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон тартиб дода шавад.
Маҷлиси президиуми КИМ ва Ҳукумати Тоҷикистон Маҷлиси Комиссарони Халқиро таъсис дод. Раиси Президиуми КИМ Н. Махсум ва раиси Совнарком Абдуқодир Муҳитдинов интихоб ва тасдиқ шуданд. Ҳамин тариқ, дар таърихи халқи тоҷик аввалин маротиба мақомоти идоравӣ ва ҳокимияти демократӣ интихоб карда шуданд.
Халқи тоҷик, ки аз дастовардҳои аввалин табъи болида дошт, сиёсати тайнамудаи зинаҳои нави сохтмони сотсиализмро пеш гирифт.
Таъсисёбии ҶМШС — Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ибтидои эҳёи давлатдории 1000 сол пеш азбайнрафтаи тоҷикон гардид.
Маликшо Шарипов,
Толибшоҳ Наҷмуддинзода,
омӯзгорони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ