Ёде аз бародарам Искандар

Дерест ба ёди бародари бузургам — Искандари Хатлонӣ нишастаам, меҳри ӯ дар синаам меҷӯшад, мехоњам шеъре аз ӯ бихонаму диламро холӣ кунам…

Ваќте хонандаи синфи 6-ум буду аввалин шеъраш дар рӯзномаи ҷумҳурӣ ба чоп расид, дар хонаи мо ид шуд. Модарам пар-парак мезад, ки писарам шоир шудааст. Чанд танӯр нон пухта, ба ҳамсояҳо тақсим кард.

Баъд, бо фотиҳаи устоди бузургвор Мирзо Турсунзода, роҳнамои ҷавонон, муаллими ширингуфтору бозарофатамон Боқӣ Раҳимзода ва достонсарои шуҳратмандамон Муъмин Қаноат дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ва маҷаллаи ”Садои Шарқ” шеърҳояш ба чоп расиданд. Бо ҳидояти онҳо ба Институти адабиёти ба номи М. Горкий дохил шуд, онро бо сари баланд хатм намуд. Баъдан дар радиои форсии Маскав ба кор пардохт. Рӯзноманигор ва шоир Одина Мирак пас аз даргузашти бародарам бо афсӯс ва ифтихор чунин ҳикоят кард: “Соли 1979 моро ҳамчун тарҷумон ба Афғонистон бурданд. Намоиши техникаи Шӯравӣ он ҷо мегузашт. Аз рӯзноманигорони Маскав В. В. Иванов ва Алла Иванова низ чун тарҷумон иштирок доштанд. Намоиш, ки ба муносибати 1-солагии Инқилоби Савр буд, 40 рӯз давом кард. Рӯзе инҳо туҳфа гирифта, ба зодрӯзи ман омаданд. Дар ҳамон нишаст Иванов аз ман пурсид:

— Оё Искандар Идиевро мешиносӣ?

Гуфтам:

— Бале!

Гуфт:

— Ҷавони боистеъдодест! Ӯ ҳамроҳи мо дар радио кор мекунад. Ба забони русӣ мақола менависад ва худаш дар радио мехонад, беҳтар аз мани рус. Ба форсӣ низ менависаду мехонад. Шеър менависад, тарҷума мекунад. Аз Эрону Афғонистон ҳар касе ба радиои мо ояд, албатта ӯ роҳбалад ва тарҷумонаш аст. Оё чунинҳо миёни шумо тоҷикон зиёданд?

— Бале. Искандар яке аз онњост. Мардуми мо бо шеър суҳбат мекунанд.

— Аҷиб миллатед шумо,- гуфт ӯ.

Алла сухани ӯро дар бораи Искандар тасдиқ кард:

— Ман ҳам дар ҳайратам аз самимият ва истеъдоди Искандар”.

Шоири ҳаҷвнигори мо Гурез Сафар гуфта буд: “Ӯ ҳар бор, ки Кӯлоб меомад, аввал ба зиёрати падарам Ашӯр Сафар мерафт. Падарам зуд Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Сафар Маҳмуд, Муҳаммад Ғоиб ва чанде дигарро ба хона мехонданд. Дар ин мањфилњои хусусӣ бештар Искандар сухан мекард. Чӣ нарму зебо мегуфт. Зебоии ботинӣ, зебоии андом ва зебоии гуфтораш моро маҳви худ мекард. Дигар аз шӯхиҳои падарам асар набуд, ӯро хомӯш гӯш мекард. Аз таърихи халқи тоҷик, аз саргузашти ҷонсӯзи миллати мо ба дард мегуфт, аз шеъри худу шеъри ҷањон намунањо ќироат мекард. Миллатдӯстии ӯ ранги миллатдӯстии Сафар Маҳмуд буд, бисёр самимона ва ошиқона ва озодона. Вақте аз падарам мепурсидам, ки ӯ кист, падарам мегуфтанд, ки писари бобои Идӣ. Бо ин ҷавонӣ ин дониш ва ин сӯҳбаташро нигар…”.

Бародарам барои кор дар авҷи бозсозӣ Душанбе омад. Дар ҳафтавори ”Адабиёт ва санъат” адои вазифа намуд. Дар хиёбони Правда (ҳоло ба номи Саъдӣ Шерозӣ) хонаи якҳуҷрагӣ харид ва ба танњоӣ зист. Ваќте медид, ки дигарон барои баҳамоӣ талош меварзанд, мо ба сӯи парокандагӣ, ҳайратзада шуд. Бо шеър ба даъват даромад, даъвати баҳамоӣ. Чун дид, ки гӯши суханшунав нест, ба Маскав рафт. Барои бањамоии форсизабонони ҷањон мекӯшид. Афсӯс, дар ҷанги шањрвандӣ Тоҷикистон ба хоку хун нишаст… нохалафе ба зарби табарчае хуни Искандар, бародари маро ҳам ба ин дарёи хун пайваст.

Алишер ИДИЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *