Як ба як сари варзишгарро хӯрд
Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба марши қаҳрамони собиқи ҷаҳон ва Аврупо дар варзиши пауэрлифтинг Андрей Драчёв парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
Андрей Драчёв рӯзи 20 август дар қаҳвахонаи «Галлерея” дар маркази шаҳри Хабаровск бо як мизоҷи дигар вориди муноқиша шуд ва барои ҳаллу фасли моҷаро ҳарду ба саҳни қаҳвахона баромаданд. Баҳси лафзии онҳо дар инҷо авҷ гирифт ва ҳарду пироҳанҳои худро кашида, ба ҷанги як ба як пардохтанд.
Муҳофизони қаҳвахона ин ҷангро аз канор тамошо карданд. Яке аз онҳо гуфт, ки мехостанд мудохила кунанд, вале ҳарду ҷониби даъво гуфтааанд, ки инҷо ҷанги як ба як аст, шумо кордор нашавед.
Дар саби видеокамераи назоратии қаҳвахона дида мешавад, ки ҳарду даъвогар пироҳанҳои худро кашида, ба ҷанги як ба як сар мекунанд. Ҳарифаш Андрей Драчёв ибтидо бо по як зарба мезанад ва ӯ ба пушт меафтад. Драчёв баъди ин зарба нимхез шуд, вале зарбаи дуюм бо пой, ки ба сари Драчёв расид, қаҳрамони ҷаҳонро дигарбора аз пой афканд ва дар видео дида мешавад, ки ӯ дигар аз ҳуш меравад ва маҷоли муқовимат надорад.
Ҳарифаш бо ин вуҷуд болои вай хам шуда, ба сараш чанд зарбаи дигар мезанад ва танҳо баъди ин тамошобинон ӯро канор мекашанд.
Табибон мегӯянд, Артём Драчёв дар натиҷаи осеб дидани мағзи сараш ҷон додааст.
Пулиси Хабаровск ҳамчун гумонбар Анар Аллоҳзиранов, як зодаи Қафқозро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Бовар меравад, ки маҳз ӯ бо Андрей Драчёв ба ҷанги як ба як баромада буд.
Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Анар Аллоҳзиранов машқи гуштӣ мекунад ва орзу дошт, ки мисли Майк Тайсон варзишгари маъруф шавад.
Дар ин авохир ин алакай дувумин варзишгари маъруфи Русия аст, ки дар минтақаи Сибир ва Шарқи дур аз дасти авбошон кушта мешаванд.
Рӯзи 29 июл қаҳрамони гуштии тарзи озоди Аврупо Юрий Власко, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, ҳангоми истироҳат дар лаби кӯли Байкал дар назди деҳаи Горячинск бо як гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ вориди муноқиша шуда, дар натиҷаи лату кӯб ба ҳалокат расид.
Дар видеои дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки як гурӯҳи ҷавонон ба Юрий Власко ва як дӯсташ дар лаби кӯли Байкал ҳамла мекунанд ва ҳардуро бераҳмона бо мушту лагат ва арматура латукӯб мекунанд. Юрий Власко дар аввал муқовимат нишон медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки аз ҷои афтодааш бихезад, вале дар ниҳоят боз ба замин меафтад. Дар ҷараёни занозанӣ Власко аз сари синааш як зарбаи корд ва аз сараш дастикам 7 зарбаи арматура хӯрда, ба ҳалокат расид.
Бо иттиҳоми даст доштан дар куштори варзишгар ду нафар дастгир шудаанд.
Юрий Власко яке аз умедҳои тими миллии Русия дар гуштини тарзи озод ба шумор мерафт. Ӯ алакай дар синни 20 унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро ба даст оварда, дар вазни то 96 кило ду дафъа унвони қаҳрамони Аврупо байни навҷавонон шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ