Рӯё Шоҳҳусейнзода — Эрон

Маҳбуби ман

Аз дӯст доштанам метарсад,

Аз доштанам метарсад.

Аз надоштанам ҳам метарсад!

Бо ин ҳама, аммо

Мабодо гумон кунед марди шуҷоъе нест.

Ватанаш будам агар,

Ба хотири ман меҷангад.

Ва модараш агар,

Ба хотири ман ҷон …

Ман аммо,

Ҳеҷ касаш нестам.

Ман,

Ҳеҷ касаш ҳастам!

***

 Ҷанг

Ҳар бор, ки бо дилам меҷангам,

Ту баранда мешавӣ,

Ҷаҳон,

Ҷойи хубе

Барои ошиқона зистан нест.

Ин ҳарфро аммо,

Бо ҳеҷ гулӯлае намешавад,

Дар мағзи ин дил фурӯ кард!

Мемирад аммо,

Бовар намекунад!

***

Хушбахтӣ

Ҳар як аз заноне,

Ки замона,

Бетафовут аз канорашон гузаштае,

Тамоми дунёи мардӣ будаанд…

Ҳамин зан, ки аз автобус пиёда шуд,

Бо чашмҳои маъмулӣ,

Ва кифи маъмулитар,

Ва ту маъсумаш пиндоштӣ,

Рӯзе,

Ҷое,

Касеро оташ зада,

Бо ҳамон соқҳои маъмулӣ,

Ва ангуштҳои кашида…

Шак надорам,

Марде ҳаст,

Ки ҳанӯз,

Дар ҷое аз ҷаҳон,

Мунтазир аст он зан.

Хушбахтиро дар ҳамон кифи чарми маъмулӣ,

Ба хонааш бибурд…!

رویا شاه حسین زاده — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *