Як мошин дар сари роҳи Қаршии Ӯзбекистон сӯхт (видео)
— Дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ҷасади марде аз мошини сӯхта ёфт шуд,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳодиса рӯзи 2-юми май рух додааст. Мошин дар назди роҳ дар канори канале, ки аз ҳудуди вилояти Қаршӣ мегузарад, оташ гирифтааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ наворҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо мошини ВАЗ-2106 дармегирад.
Бино ба маълумоти дарёфтшуда, дар сари чанбарак ҷасади марде будааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
«Назорати ҷудогонаи тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби прокуратураи вилоят гузаронида шуд»,- хулоса мешавад дар гузориш.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ